Daily Archives: 11.02.2019

0101

Вохӯрӣ бо духтарони деҳот

Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо духтарон мулоқот доир карда шуд.

Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, маданияти оиладорӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ва ҷалби бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳарф зад.

1

Ободкорӣ бо ҳидояти ҳамсафон

Бо ҷалби ҷавонон дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов ин амали ободкорӣ бо иштироки васеи мардум, махсусан, ҷавонон, ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба роҳ монда шуд. Иштирокчиёни ҳашар ҳудуди маҳалларо аз партовҳо тоза карда, баҳри ободии маҳалла саҳми худро гузоштанд.