Daily Archives: 15.02.2019

IMG_5642

Ҳашари ободонӣ

Дар доираи эълон шудани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои ТИ «Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз” шанбегӣ гузаронида шуд.

DSC_2185

Ҷавонон зидди терроризм

Таҳти ин унвон бо хонандагони литсейи №2-и ноҳияи Ашт мулоқот доир шуд, ки дар он омилҳои асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ намуданд.

20190213_104352

Сафи ҳизбиён меафзояд

27 нафар омӯзгорони МТМУ №1 аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба унвони кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, ба сафи ҳизб қабул қарда шуданд.

IMG_8546

Мулоқот бо аҳли фарҳанг

Мурод Шукурзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо намояндагони соҳаи фарҳанг мулоқот намуд. Роҳбари кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Панҷакент оид ба ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои фаъолияти ин ҳизби мардумӣ суханронӣ кард.

LOGO

Занон дар меҳвари Паём

Муҳимтарин нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат зимни мулоқот дар маҷлисгоҳи ТИ “Юлчибой Байзоқов” –и шаҳри Исфара баррасӣ шуд. Дар мулоқот занони хонашин аз маҳаллаҳои Себзор, Муқимӣ ва  М. Умаров иштирок намуданд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯза Раҳимӣ оид ба моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатӣ низ ба масоили марбут ба  мақоми  зан дар ҷомеа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир шуд.

Ҳамзамон, дар мулоқот оид ба эълон шудани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ шуд.

52598681

Тарбияи худшиносии ҷавонон

Масоили марбут ба таҳким бахшидани худшиносӣ ва ватандӯстии хонандагон, боло бурдани сатҳи таълиму тарбияи онҳо зимни вохӯрӣ, ки дар МТМУ №8-и Ҷамоати деҳоти Палдорак доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.