Daily Archives: 18.02.2019

20190216_094653

Ҳашари ободонӣ

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атроф аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шанбегӣ гузаронида шуд. Дар доираи ин ҳашари ободонӣ гирду атрофи бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ аз ҳамагуна партовҳо тоза карда шуд.

1

Рӯзи «Дарҳои кушод» дар қисми ҳарбии 35-01

Дар қисми ҳарбии 35–01-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он мудирони шӯъбаҳои кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд.

1

Мулоқот дар ҳавзаи интихоботии “Сирдарё 1”

Бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии вилоятии «Сирдарё 1″ вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Салимабону Каримова ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  Маликисломӣ Наим Мунаввар баргузор шуд.

1,1

Татбиқи Паём — омили некӯаҳволии мардум

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии № 6 мулоқот доир намуд, ки дар он муҳимтарин нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

IMG_5683

Мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ

Дар Кохи варзишии «Чемпион»-и деҳаи Ғӯлакандоз мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба намуди волейбол баргузор гардид. Ин мусобиқа бо мақсади оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим гузаронида шуд ва дар он дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт иштирок намуданд.

20190214_162302

Хизмат ба Ватан – қарзи виҷдонии ҳар як ҷавонмард

Бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии ЭИГМ дар шаҳри Панҷакент мулоқот доир шуд.

DSC_2113

Паём — роҳнамои зиндагии шоиста

Муҳимтарин нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаи Гулистони ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт шарҳ дода шуд.

IMG_20190214_082006

ҲХДТ — ҳизби мардумӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо кормандони Беморхонаи марказии шаҳр мулоқот доир намуд. Мудири шўъбаи ташкилӣ Ҳоҷиев Ф оид ба мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуд.