Daily Archives: 20.02.2019

IMG_8580

Терроризм ва экстремизм – омили хушунат

Масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зимни мулоқот бо аҳолии ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент баррасӣ шуданд. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Тошева Парвина  оид ба масоили умдаи ҷомеа суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифа ва масъулияти ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.

2

Паём – ҳуҷҷати ояндасоз

Моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвоми миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолзанон ва ҷавондухтарони маҳаллаи Сароби ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт шарҳ дода шуд.

1

Артиши миллӣ — мактаби ҷасорат

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар Гимназияи №6-и ҷамоати деҳоти Ошоба вохӯрӣ доир намуд. Ин вохӯрӣ бо мақсади тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон баргузор шуд ва дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Рӯзиматов Дилшод ва раиси Шӯрои собиқадорон Мӯътабар Мадаминова иштирок ва суханронӣ карданд.

DSC_2265

Иқдоми наҷиб

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ошоба  Шерқузиев Ҷуманалӣ, ки дар қисми ҳарбии 0317-и ноҳияи Шаҳритус хизмат намудааст, аёдат намуданд. Зимни аёдат намояндагони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Шерқузиев Ҷуманалиро бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намудаанд.

Деваштич мактаб

Паём — сармашқи фаъолияти бонувон

Бо мақсади тарғиби нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар МТМУ № 10 – и ноҳияи Деваштич мулоқот доир гардид. Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич Ёдгорова оид ба моҳияти асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Паём роҳнамои зиндагии шоистаи сокинони малакат буда, ба некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст.

20190219_092953

Аёдат бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Бахшида ба таҷлили 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилов Анвар, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Одилзода Рустам, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Турсунов Юлдошро аёдат намуданд.

1

ЧӢ ПАЙМОНЕ БУВАД ПАЙМОНШИКАНРО ?

Аз он рӯзе ки як гурӯҳ хоинону ватанфурӯшон оид ба ташкил намудани созмоне бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» дар заминаи собиқ ташкилоти террористиву  экстремистии «Наҳзати ислом» ва се ниҳоди сиёсии дигаре, ки аҳли ҷомеа номашонро бори аввал мешуниданд,  иттилоъ доданд, наздик панҷ моҳ сипарӣ мешавад. Ин амали хоинон мисли он аст, ки дар болои таҳкурсии гилин  ва бебунёд қасри боҳашамат афрохтанианд. Вале чуноне ки шоир мегӯяд: