Monthly Archives: Март 2019

LOGO

Ҳушдор аз пайомадҳои ногувори терроризм

Дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия таҳти мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ” мулоқот доир гардид.

LOGO

Ҷамъомади ҳизбиён

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо мақсади тарғиби дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» ҷамъомади ҳизбиён доир гардид.

LOGO

Кӯдакон — ояндаи миллат

Бахшида ба Наврӯзи байналмилал дар муассисаи таҳсилоти томактабии № 1 дар ноҳияи Деваштич чорабинӣ доир шуд. Ёдгорова Раҳбар, намояндаи кумиҷроияи ноҳия дар чорабинӣ суханронӣ намуда, иштирокчиёнро бо ҷашни аҷдодӣ табрик гуфт.

LOGO

Сӯҳбати дугонаҳо

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар коллеҷи тиббии  ноҳия таҳти унвони “Сӯҳбати дугонаҳо” маҳфил гузаронида шуд.

LOGO

Узви ҲХДТ будан шараф ва масъулият аст

Дар МТМУ № 44 — и деҳаи Патар дар шаҳри Конибодом мулоқоти кормандони кумиҷроияи шаҳр доир шуд. Фирӯза Шерматова ва Акмал Шарипов, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом оид ба мавзуъҳои умдаи ҷомеа суханронӣ намуданд.

Ҷаббор Расулов

Узви ҲХДТ будан масъулият аст!

15 нафар ҷавонон аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки барои дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, ба аъзогӣ қабул шуданд.

Соати сиёсӣ

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар МДТТ №8 дар мавзӯи “Мавқеи зан дар ҷомеа” соати сиёсӣ доир намуданд. Сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумиҷроия Мухитдинова Умедахон зимни мулоқот оид ба нақши занон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд.

Панҷакент

Ҷавонон — такягоҳи боэътимод

Мурод Шукурзода, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо устодону донишҷўёни коллеҷи тиббии шаҳр мулоқот намуд. Раиси кумиҷроияи шаҳр перомуни сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон суханронӣ намуд.

1

Семинари омӯзишӣ

Моҳияти Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни семинари омӯзишӣ дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ашт

Мулоқот бо аъзои фаъоли ҳизб

Дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт бо аъзоёни фаъоли ҳизб мулоқот доир гардид. Дар мулоқоти мазкур Муътабар Мадаминова, раиси Шӯрои собиқадорони кумиҷроияи ноҳия ва Мусоев Д, мудири шуъбаи ташкилӣ ва омор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаббор Расулов

Аёдати собиқадорони меҳнату ҳизб

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдати собиқадорони меҳнату ҳизбиро ба ҷо оварда, онҳоро бо муборактарин ҷашни бостонӣ – Наврӯзи байналмилал табрик намуданд.

Спитамен

Ҳизби ман – ифтихори ман

Дар МТМУ №29 бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳизби ман – ифтихори ман” вохӯри баргузор гардид.

Ашт

Маҷлиси тантанавӣ

Дар ноҳияи Ашт аз хизматҳои арзандаи дорандаи медали “Хизмати шоиста” Зафар Мамадҷонов арҷгузорӣ карданд.

Навруз_2019

Базми наврӯзии энергетикҳои шаҳри Хуҷанд

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд чорабинии калони наврӯзӣ ташкил кард.

Истаравшан

Истаравшан: аёдати бошандагони хонаи кӯдакон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бошандагони хонаи кӯдакони шаҳрро аёдат карда, ба ин муассиса маводи хӯрока ва кӯмаки моддӣ расонид.

Ашт

Хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандист

“Дар ҳифзи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арзишҳои миллӣ саҳми занон назаррас аст. Бонувони тоҷик барои фардои миллат, пойдории сулҳу осоиштагии диёр ҳеҷ гоҳ бетараф набуданд ва ин хислат хоси онҳо нест.

ҲХДТ

Дастгирии иҷтимоӣ – аз самтҳои муҳими фаъолияти ҲХДТ

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба Муассисаи давлатии махсусгардонидаи табобатии хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бошандагон ва кормандони ин муассисаро бо Наврӯзи байналмилал табрик кард.

Хуҷанд

Баррасии масоили муҳоҷирати меҳнатӣ

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо тоҷикони муқими вилояти Иркутски Федератсияи Русия ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот кард.

Зафаробод

Ҳадяҳои наврӯзӣ ба кӯдакон

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод 10 нафар ятимони кулро бо тӯҳфаҳои наврӯзӣ шод гардонд. Ин иқдоми наҷиб ба муносибати Наврӯзи байналмилал амалӣ карда шуда, боиси болидахотирии наврасон гардид.

Конибодом

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт…

Дар ташкилоти ибтидоии “Патар”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, чорабинии фарҳангии дӯстона таҳти унвони “Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт” баргузор гардид.

Спитамен

Спитамен: Аёдати собиқадорону оилаҳои ниёзманд

Бахшида ба ҷашни бостонии Наврӯз аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ва аъзову ҷонибдорони ҳизб аёдати собиқадорони меҳнату ҳизб, пирону барҷомондагон ва оилаҳои ниёзманд ба ҷо оварда шуд.

Панҷакент

Таҷлили Наврӯз – омили муттаҳидӣ

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ чорабинӣ доир шуд,