Daily Archives: 04.03.2019

Рӯзи сипоси Модар

Рӯзи сипоси Модар

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони «Рӯзи сипоси Модар» аксия гузаронида шуд. Ин иқдом ба муносибати Рӯзи Модар амалӣ гардида, ҳадаф арҷгузорӣ ба олиҳаи зиндагӣ – Модар мебошад.

Ҷоми КИ ҲХДТ

Ҷоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд соҳиби худро ёфт

Имрӯз, 4 марти соли 2019 мусобиқаи варзишии вилоятӣ аз рӯи намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.

Чорабинии идона

Чорабинии идона барои бонувон

Бахшида ба Рӯзи Модар КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ доир карда, бонувони фаъолу ташкилотчӣ ва ташаббускорро қадршиносӣ намуд.

1

Дар партави дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб

Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Маҷлиси ҷамъбастии КИМ ҲХДТ баён гардиданд, мавриди омӯзиш қарор доданд.

ҷавонон

Огоҳонидани ҷавонон аз хатарҳои зуҳуроти номатлуб

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 мулоқот карданд. Ҳадафи мулоқот огоҳонидани хонандагон аз пайомадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ маҳсуб мешуд.

аҳли маориф

Пешвои миллат ҳомӣ ва такягоҳи аҳли маориф

Таҳти ин унвон дар ташкилоти ибтидоии «Шаҳраки Чоруқдаррон»-и шаҳри Гулистон конфренсияи илмӣ-адабӣ доир шуд. Дар конференсия маорифчиёни шаҳрак иштирок карда, доир ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ва татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар соҳаи маориф андешаронӣ намуданд.

Модар сарчашмаи зиндагист

Модар сарчашмаи зиндагист

Дар литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи модар маҳфили «Дугонаҳо» доир шуд, ки “Модар сарчашмаи зиндагист” унвон дошт.