Daily Archives: 05.03.2019

IMG_4627

Хушҳолии занону бонувон дар чорабинии “Ба номи Модар”

Санаи 5-уми марти соли равон дар тарабхонаи “Хушбахтӣ”-и шаҳри Бӯстон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд чорабинии фарҳангӣ-телевизионӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Ба номи Модар” баргузор гардид, ки онро метавон намоиши зебоӣ арзёбӣ кард.Баргузории чунин чорабиниҳо собит менамояд, ки халқи тоҷик дар ҳама давру замон ба Зан-Модар ҳамчун олиҳаи ҳусну малоҳат ва ҳунару санъат арҷ мегузорад.

Шодмонии модарон

Иқдоми наҷиб

Иқдом ё худ аксияи «Рӯзи сипоси Модар» дар қаламрави шаҳри Хуҷанд хотирмон ва хеле самимона сурат гирифт.

Масъулини ҳизб якҷоя бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мавзеъҳои серодам бонувони роҳгузарро табрик ва барояшон гулу номаи табрикӣ супориданд. Аз ин иқдоми наҷибу ғайричашмдошт, яъне, иқдоми ҲХДТ  модарону хоҳарон шод гардиданд.

Мусобиқа варзишӣ

Мусобиқа варзишӣ миёни духтарон

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ ба бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мусобиқаи шаҳрии волейбол байни бонувон гузаронида шуд.

Ҳадя

Ҳадя ба модарон

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар доираи аксияи “Рӯзи сипоси Модар” даҳҳо нафар бонувонро болидарӯҳ намуданд.

Аксия бо суханони шодбошии роҳбарияти ҳизб оғоз шуда, минбаъд дар мавзеъҳои серодам, корхонаву муасссиса ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом кард.

Арҷгузорӣ

Арҷгузорӣ ба олиҳаи зиндагӣ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иқдом ё худ аксияи “Рӯзи сипоси модар”-ро доир кард. Иқдоми мазкур дар асоси супориши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд амалӣ шуда, арҷгузорӣ ба зан – модарро ҳадафи аслии худ қарор дода буд.

Иқдоми ҷолиби ҳизбиён

Иқдоми ҷолиби ҳизбиён

Дар шаҳри Конибодом таҳти унвони “Рӯзи Модар” аксия гузаронида шуд. Иқдоми мазкур бо ташаббуси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ доир гардида, мақсад арҷгузорӣ ба олиҳаи зиндагӣ, зан – модар буд.

Қадршиносии бонувон

Қадршиносии бонувон

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Чаббор Расулов ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади идона, ки ба Рӯзи Модар бахшида шуд, аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бонувон иштирок намуданд.

Бонувон

Бонувон давра оростанд

Ба ифтихори Рўзи Модар дар Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент нишасти идона доир шуд. Ин чорабинӣ, ки бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати мазкур сурат гирифт, бонувони фаъоли деҳотро ба ҳам овард.