Daily Archives: 06.03.2019

Маънавиёт

Маънавиётро баланд бардорем

ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо хонандагони МТМУ №13 вохӯрӣ доир кард. Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон, ҳамзамон, роҳбари ташкилоти мазкур Шерзод Набиев, мутахассиси кумиҷроияи ноҳия Раҳматулло Худоёров аз арзишҳои сулҳу ваҳдат, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагӣ, инчунин, доир ба хатарҳои терроризм ва экстремизм ҳарф заданд.

LOGO

БА РЕШАИ ТЕРРОР ТЕША БОЯД ЗАД

Тоҷикистон, Ватани ҳар як шаҳрванди баору номуси миллат, наздик 28 сол мешавад, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ арзи вуҷудият мекунад, дар идомаи ин солҳо бо паси сар кардани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, бо талошҳои шабонарўзиву пайгиронаи Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъй дорад, ки сарзаминаш шукуфон ва мардуми меҳанпарасту бофарҳангаш зиндагии шоиста дошта бошад.

Вохӯрӣ

Вохӯрӣ бо сокинони деҳот

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх, Пошкент, Сабристон ва Зарҳалол мулоқот доир кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К.Мирзоев ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ зимни ин вохӯриҳо барнома ва ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро тарғибу ташвиқ намуданд.

2

Аёдати собиқадорони меҳнату ҳизб

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи Рӯзи Модар собиқадорони меҳнату ҳизб ва фаъолзанонро болидахотир намуд. Аз ҷониби кормандони кумитаи иҷроия аёдати бонувон ба роҳ монда шуд. Зимни аёдат собиқадорон ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда шуда, барояшон тӯҳфаҳо тақдим гардид.

Машварат

Машварат дар калонтарин ТИ

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии КМ “Зарафшон” мулоқот доир кард.

Дар ин мулоқот масъалаҳо ва дастурҳое, ки зимни Маҷлиси КИМ ҲХДТ Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Мулоқот

Мулоқот бо собиқадорон

Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бо собиқадорони ҳизб мулоқот баргузор шуд.

Раиси кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода таъкид дошт, ки саҳми аъзоёни Шўрои собиқадорони ҳизби назди кумитаи иҷроия барои тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худшиносию ватандўстӣ, пешбурди корҳои  тарғиботӣ калон аст.

Сипос ба модар

Сипос ба модар

Иқдоми “Рӯзи сипоси модар” дар ноҳияи Зафаробод низ мутантан барпо карда шуд.

Нахуст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзоёни фаъоли ҳизб занону модарони собиқадор ва якчанд нафар бонувоне, ки бемор ҳастанд, аёдат карданд.

сафи ҳизб

Қабули нафарони арзанда ба сафи ҳизб

Чанд нафар аз кормандони БДА “Амонатбонк” дар ноҳияи Ашт ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд. Онҳо барои қабул шудан ба сафи ин ҳизби пешбар чанде пештар ариза пешниҳод карда, шаҳодатномаҳои ҳизбияшон дар фазои тантанавӣ супорида шуд.