Daily Archives: 15.03.2019

Исфара: машварати Сатториён М.А. бо раисони ташкилотҳои ибтидоӣ
Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара машварати бозомӯзии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Нақлиётчён созмони ибтидоӣ таъсис доданд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд” созмони ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ба ин муносибат ҷаласаи ҷомеаи меҳнатии коргоҳ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ иштирок ва баромад намуд.

Дарси ватандорӣ
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо ибтикори шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷавонон – донишҷӯёни муассисаҳои олию миёна ва кормандони корхонаю муассисаҳо дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ҷамъомад доир шуд.

Деваштич: вохӯриву сӯҳбатҳои муфид
Дар Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳо гузаронида шуданд.

Терроризм – зуҳуроти хатарнок
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифов, муовини Раиси ноҳия Абдуллозода Зарина ва корманди шӯъбаи амният дар ноҳия Раҷабалӣ Ҳоҷиев бо ҷавонон мулоқот карданд.

Мусобиқаи футбол бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ
Бо ибтикори маъмурият ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи касбӣ-политехникии шаҳри Панҷакент байни дастаҳои футболи муассисаҳои таълимию олии шаҳр мусобиқаи футбол доир шуд. Мусобиқа ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, 24 рӯз давом кард.

Ҷаласаи кумитаи тадорукот
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори вилояти Суғд корҳои омодагӣ оид ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бомаром ҷараён доранд. Бояд гуфт, ки дар радифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ташкилотҳои ҳизбӣ низ бахшида ба Наврӯзи дилафрӯз ташкил ва гузаронидани силсилаи чорабиниҳои идонаро ба нақша гирифтаанд.