Daily Archives: 21.03.2019

Конибодом

Наврӯз – мероси фарҳангии тоҷикон

Наврӯзи ҷаҳониро дар ташкилоти ибтидоии “Маҳрам”-и шаҳри Конибодом мутантан таҷлил намуданд. Дар чорабинӣ Фирӯза Шерматова, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи байналмилал табрик гуфт.

Гулистон

Таҷлили Наврӯз дар ТИ “Деҳаи Гулдара”

Дар ТИ “Деҳаи Гулдара” — и шаҳри Гулистон аз Наврӯзи байналмилал таҷлил намуданд. Чорабинӣ бо риояи расму русуми аҷдодӣ гузаронида шуда, анъанаҳои наврӯзӣ, дастархони “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”, намунаи ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд.

Бӯстон

Наврӯз — меваи шаҳдбори Истиқлолият

Намояндагони Кумитаи иҷроияи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо кормандони Беморхонаи марказии шаҳр вохӯрӣ доир намуданд.

Бобоҷон Ғафуров

Иқдоми наҷиб

Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Иди Наврӯз оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони ҳизбу меҳнатро аёдат намуданд.

Гулистон

Наврӯз — рамзи ҳуввияти миллӣ

Наврӯзи байналмилалро дар Ташкилоти ибтидоии “Шафқат” бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар саҳни Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон чорабинӣ доир шуд, ки дар он вакилон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, занони барӯманд ва намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.