Daily Archives: 06.04.2019

DSC_2913

Эътирофи чакан дар ЮНЕСКО ин эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ аст

Бахшида ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакани тоҷикон бо ҷавондухтарони Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор гардид.

DSC_2912

Меҳнати софдилона дар татбиқи ғояҳои созандаи ҳизбӣ

Дар кумитаи ибтидоии ҳизбии Бобоҷон Ғафуров вохӯри гузаронида шуд. Он ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон бахшида шуд. Дар вохӯрӣ оид ба нақшу мақоми ин ҳизби пешбар дар таҳкими истиқлолият ва барқарориву ҳифзи сулҳу осоиштагӣ, инчунин, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташаккули маънавиёти мардум суханронӣ намуданд.

20190405_103139

Омодагии ҳизбиён ба 5500 солагии Саразми бостон

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Пойгоҳи бостоншиносии “Саразм” аз фаъолияти семоҳаи ҳизбиёни ин ташкилот натиҷагирӣ карданд. Дар ин давра, аъзои ташкилоти ибтидоӣ дар баробари фаъолияти тарғиботӣ бо таҳияи матолиби гуногуни илмӣ-оммавӣ нақши ин ёдгории беназири бостониро муаррифиву таҳқиқ намуданд.

DSC_2911

Заминаи устувор дар рушди ҳунармандӣ

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бо ҳунармандони муассисаи таълимӣ ва омӯзишии адрасу атласбофии шаҳр вохӯрӣ намуданд.

DSC_2910

Б.Ғафуров: намоиши ҳунарҳои мардумӣ

Дар КИИ ҲХДТ минтақаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар намоиши мазкур асосан омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

DSC_2917

Мулоқот бо ҷавонони созанда

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мулоқоти раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ бо аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид.