Daily Archives: 08.04.2019

IMG_20190406_095354

Мусобиқа барои Ҷоми ҲХДТ

Донишҷўёни литсейҳои касбии шаҳри Хуҷанд барои ба даст овардани Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ намуданд.

Мусобиқа аз рӯи намуди баскетбол дар толори варзишии «Колеҷи омўзгорӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.

IMG_0959

Мулоқот дар шакли интерактивӣ

Чунин мулоқотро КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо хатмкунандагони МТМУ №29 доир кард. Сӯҳбати озоду ошкоро имкон дод, ки хонандагон вобаста ба шавқ, касби интихобменамудаи хеш ва нақшаҳои ояндаашон ибрози назар намуда, аз масъулон маслиҳат пурсанд.

IMG_20190406_170721

Бӯстон: мулоқот дар “Таҷеро-Суғд”

Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бо кормандони ҶДММ “Таҷеро-Суғд” мулоқот доир кард. Мақсад тарғиб ва шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

20190330_111352

“Сеҳри сухан” дар Конибодом

Бо мақсади инкишофи нутқи суханварии ҷавондухтарон ва сайқал додани маҳорати муоширати онҳо дар шаҳри Конибодом маҳфили “Сеҳри сухан” баргузор гардид.

Маҳфили мазкурро КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва шӯъбаи кор бо занони он доир карда, занону бонувони барӯманду ботаҷриба, собиқадорони соҳаҳои гуногун ва ҷавондухтаронро гирд овард.

20190406_075724

ҲХДТ – дар ҳама ҳолат дар паҳлӯи мардум

Ҳизбиёни шаҳри Панҷакент ба мардуми аз офати табии осебдидаи деҳаи Амондара дасти ёрӣ дароз карданд.

Хотирасон мекунем, ки бар асари боришоти рўзҳои охир ва натиҷаи омадани сел иқоматгоҳҳо ва киштзорҳои сокинони деҳаи мазкур талаф диданд.

1554475082_5ca7684a94f90

«ҲХДТ ҳамқадами саодати Ватан”

Дар толори коллеҷи технологии шаҳри Конибодом бо иштироки занони фаъоли касбу кори гуногун бахшида ба 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввардоир гардид. Дар он, ки “ҲХДТ ҳамқадами саодати Ватан” унвон дошт, доир ба таърих, марҳилаҳои рушд ва рисолати он дар назди ҷомеа андешаронӣ намуданд.

Хуҷанд_1

Муҳоҷирони меҳнатӣ дар паноҳи давлатанд