Daily Archives: 25.04.2019

ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон, ки онро бо истилоҳи дигар ба унвони ҲХДТ ном мебарем, бо ин ихтисор дар байни мардуми кишвар бештар маъруф аст.

“Дугонаҳо”: нест бод хушунати оилавӣ!
«Нест бод хушунати оилавӣ» таҳти ин унвон маҳфили навбатии «Дугонаҳо» баргузор шуд. Ин маҳфилро КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар коллеҷи тиббии ин шаҳр гузаронида, ҳадаф омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ба ҳисоб рафт.

Аз таҷрибаи собиқадорон самаранок бояд истифода бурд
“Барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастӣ аз нерӯ ва таҷрибаи собиқадорони ҳизб бояд самаранок истифода кард”- ин нукта зимни вохӯрӣ бо аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баён шуд.

Тарбияи хештаншиносии ҷавонон ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад
“Сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии ҷавонон ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиқи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб,

Хидмат ба Ватан – қарзи ҳар як ҷавонмард
Масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо усули “хона ба хона” дар ҷамоатҳои деҳот фаъолияти тарғиботӣ мебаранд. Моҳияти сӯҳбату мулоқоти ҳизбиён тарғиби ватандӯстии насли ҷавон ва ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ мебошад.

Ғамхорӣ нисбати бартарафкунандагони садамаи Чернобил
Бахшида ба солгарди садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент якҷоя бо кумиҷроияи ҲХДТ дар ин шаҳр ва ташкилоти ҷамъиятии “Маъюбони садамаи Чернобил» чорабинӣ доир кард.

Мулоқоти судманд бо хонандагон
Вохӯрии навбатии намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ №11-и Ҷамоати деҳоти Сомониён доир шуд.

Гулистон: Нақши созандаи бонувони ҳизб
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Нақши бонувони ҳизбӣ дар даврони Истиқлолият” мизи мудаввар гузаронид.

Мастчоҳ: собиқадорон дар тарғиби ҳадафҳои ҳизбӣ нақши бузург доранд
Дар ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, раиси кумиҷроияи ҳизби ин ноҳия Дилшод Зокиров гуфт, ки дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ ҳамеша аз таҷрибаи собиқадорони ҳизб баҳра гирифта, нақши онҳо дар татбиқи барномаву ҳадафҳои ҲХДТ назаррас аст.

Спартакиада: ба муносибати 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов спартакиадаи ноҳиявӣ оғоз шуд. Ин чорабинии варзиширо кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб дар асоси фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир намуда, ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шудааст.