Daily Archives: 06.05.2019

IMG-e

Аёдати ватандӯсти қавиирода

Ҳамеша онҳоеро гиромӣ бояд дошт, ки барои озодии ин сарзамин ва саодати халқ ҷоннисориҳо кардаанд.

Бо ин мақсад тибқи нақша  — чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  бо роҳбарии Раиси КИВ ҲХДТ Сатториён М.А. бахшида ба 74 – умин солгарди Ғалабаи Бузург иштирокчиёну маъюбони ҷанг аёдат карда шуданд.

IMG-fc81613d

Аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бахшида ба таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз ҳолу аҳволи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд Қориҷон Ахмедов пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва  ба ӯ кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.

4569

Мулоқот бо пиллапарварон

Пилапарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ин намуди маҳсулот дар таъмини бозори истеҳсолӣ саҳм гузошта метавонад. 

7896

Ҷавонон ояндаи миллат

Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар муассисиаи таълимии №18-и шаҳраки Ғафуров бо хонандагони синфҳои болоӣ чорабинӣ доир гардид.

5896

Қаҳрамонон ҳамеша зиндаанд

Чорабинии идона бахшида ба Рузи Ғалаба ва ҳафтаи поси хотир дар ҷамоати деҳоти Зарзамин бо ибтикори аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан» баргузор гардид.

20190405_102106

Шанбегии умуминоҳиявӣ доир гардид

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Дар шанбегӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолона иштирок намуда, ба тозаю озода гардонидани гирду атроф, рӯбучини минтақа, тоза намудани ҷуйбори қадди роҳ, шинонидани гулҳои ороишӣ машғул шуданд.

101010

Муҳити зистамонро озода мегардонем

Ба хотири таҷлили ҷашнҳои фархундаи миллӣ, аз  ҷумла 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод корҳои ободонӣ ва иқдомҳои созанда вусъати тоза мегиранд.

1,1

Дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бетараф набошем

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат баён доштанд, дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ҷамъомад баргузор гардид.

IMG_20190503_13

Ҷавонон нерӯи созанда ва тавонои ҷомеа

Дар ташкилоти ибтидоии  «Коллеҷи политехникӣ»-и ноҳияи Зафаробод  таҳти унвони «Ҷавонон нерӯи созанда ва тавонои ҷомеа» конфронси илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

DSC_3593

Дар ТИ театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов

Маҷлиси ташкилоти ибтидоии театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Баҳриддин Зиёӣ ширкат варзид.

IMG_20190503

ТИ “Бахши фарҳанг” бо “Сад ранги чакан”

Бахшида ба феҳрасти мероси фарҳанги  ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардидани чакан ва ҷиҳати тарғибу омӯзиши нақши чакандӯзӣ дар рушди мероси фарҳанги миллӣ, тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ,

IMG_2019050

Бӯстон: 50 нафар аъзои ҲХДТ шуданд

Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифпарвар”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ташкил ва гузаронида шуд.

P_20190

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад.

P_2019

Спартакиадаи ноҳиявӣ ҷамъбаст гардид

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни Литсейи касбӣ – техникии ноҳияи Ҷаббор Расулов спартакиадаи ноҳиявӣ ташкил ва баргузор гардид. Спартакиада аз рӯи намудҳои давидан ба 100 ва 400 метр, тенниси рӯи мизӣ, шашка, шоҳмот ва волейбол гузаронида шуд.