Daily Archives: 08.05.2019

IMG_7995

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати Оббурдон

Баъд аз анҷоми гузоштани санги асос ва сӯҳбату вохӯрӣ бо фаъолон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон мулоқоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо фаъолони ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор шуд.

IMG_7841

Гузоштани санги асос ба бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Имрӯз, 8 майи соли ҷорӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Мавсуф нахуст  ба аёдати як гурӯҳ собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба муносибати фарорасии 74-солагии Ғалаба табрик гуфт ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

20190507_145514

Вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Дар-дар

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд     аз ҳисоби    зиёиён  санаи 8-уми майи соли равон дар Ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи  Айнӣ бо фаъолон вохурӣ  ба роҳ монда шуд.

IMG_20190508_131239

Поянда бод, сулҳ!

Ба муносибати 74-солагии иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом тантанаву чорабиниҳо баргузор шуда истодааст.

20190508_093604

Аёдат дар арафаи Иди Ғалаба

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба солгарди иди Ғалаба бар Германияи фашистӣ аёдати  оилаҳои иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадоронро роҳандозӣ намуд. Дар деҳаи Вешканд оилаи иштирокчии ҶБВ Камолов Ҳоҷихон, собиқадор аз деҳаи Урметан Тӯйчибой Ҷӯрақулов ва нимятим Турдиев А. аёдат карда шуданд. муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон  низ дар аёдат иштирок намуданд.

1

Қадршиносии иштирокчиёни ҶБВ

Дар арафаи таҷлили 74-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Малинина Рабига Измайловна ва Аҳрулло Саидов, ки ҳарду сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд, аёдат карда, ба онҳо кӯмакпулӣ ва маводҳои хӯрока дастрас намуд.

010

Варзиш солимии ҷомеа

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш бахшида ба 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар байни донишҷӯёни литсеи касбӣ – техникии ноҳияи Зафаробод спартакиадаи ноҳиявӣ ташкил ва баргузор гардид.

DSC_3706

Дар ҳалқаи қаҳрамон

Аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт бахшида ба 74-солагии Рӯзи Ғалаба алайҳи фашистони истилогар аёдати пири рӯзгордида, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Понғоз Азимов Исматуллои 94-соларо ба ҷо оварданд.

111

Варзиш – қосиди сулҳ

7 майи соли 2019 дар қасри варзиши шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот, футболи хурд ва волейбол байни ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки дар он сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Фаттозода А.А, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Фирдавс Фахридинзода ва намояндагони дигар сохторҳо ширкат варзиданд.

2

Ҳизбиён дар иди касбӣ

Дар толори маҷлисгоҳи Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба муносибати Иди кормандони соҳаи алоқа ва почта баргузор гардид.

IMG_20190507_102756

Мулоқот бо бонувони ҳунарманд

Имрӯз бо роҳбарони маҳфилҳои ҳунармандии муассисаи тањсилоти иловагии шањри Конибодом дар мавриди омўзиши афкори умум оид ба арзишњои љомеаи демократию њуќуќбунёд ва дунявї, фарњанги муосир ва анъанањои неки мардум мулоќот доир баргузор гардид.

DSC_3144

Шахсони арзанда аъзои ҳизб мешаванд

Бо мақсади зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибтаҷриба, барӯманд ва фаъолону пешсафон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои тарғиботиро ҷоннок намуда, ҷиҳати дарёфт ва қабули шахсони арзандаву содиқ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

ахбори-сиёси

Танзим – кафили шоистаи зиндагии мардум

Бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ,   мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия Примқулова Зебо ва аъзоёни фаъол дар ташкилоти ибтидоии “Бӯраген” таҳти мавзӯи “Қонуни танзим — кафили шоистаи зиндагии мардум” ахбори сиёсӣ гузаронида шуд.

3

Ҷалсаи навбатии кумиҷроия доир гардид

Дирӯз табқи нақшаи корӣ Ҷаласаи комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои матбуотӣ, таблиғотӣ ва фарҳангӣ дар назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.  Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Н.М ва аъзоёни комиссияи мазкур иштирок намуданд.