Daily Archives: 08.05.2019

P_2

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд!

Санаи 9-уми майи соли ҷорӣ ба анҷоми набардҳои хунини ҷанги солҳои 1941-1945, ки таърихи башарият мислашро надида буд ва ғалабаи инсоният бар фашизми гилерӣ 74 сол пур мешавад. Бахшида ба 74-умин солгарди ин санаи таърихӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи умуминоҳиявӣ таҳти унвони «Ҳеч кас ва ҳеч чиз фаромӯш нахоҳад шуд» баргузор гардид.

IMG_20190507_111317

Дӯстдорони китоб

Тибқи нақшаи шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-уми шаҳр бо мақсади тарбияи намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон  дар рӯҳияи ватандӯстиву  меҳанпарастӣ, ёдоварӣ аз қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи кишвари азиз сина сипар намуданд, онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмат кашиданд ва поси хотир доштани каҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳфили “Дӯстдорони китоб” бахшида    ба Рӯзи Ғалаба ташкил ва баргузор карда шуд.

1

Маслиҳату роҳнамоиҳои собиқадорон ҳизб маҳбубияти ҳизбро миёни омма бештар мегардонад

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи васеи Шӯрои собиқадорони Кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ доир гардид.

viber image 2019-05-08 , 15.39.40

Маросими гулчамбаргузорӣ дар шаҳри Хуҷанд

Субҳи рӯзи 8-уми май бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардид.

20190508_103910

Вохӯрӣ дар ҷамоати деҳоти Урметан

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд   дар  шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят мулоқоти гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби адибон ва  зиёиён бо фаъолон ба роҳ монда мешавад.

viber image 2019-05-07 , 15.28.48

Мулоқоти судманд

Бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ дар толори Раёсати Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрӣ доир гардид.

IMG_20190508_132426

Дар доираи баргузории маҳфил

Санаи 8 майи соли равон, тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва Ташкилоти ибтидоии “Бахши фарҳанг” таҳти унвони “Бар ҳифзи Ватан карда басе ҷонбозӣ” барномаи адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он фаъолони ҳизб, муҳассилини муассисаҳои ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” иштирок карданд.

20190507_104834

150 нафар аъзои “Ахтарон” шуданд

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бахшида ба Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва роҳбари  созмони талабагии муассиса  бо мақсади тарбия намудани хонандагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ваҳдату ягонагии миллату якпорчагии кишвар, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбари давлат таҳти шиори «Мо кӯдакони фаъол, хушахлоқ, ростқавл ва хушбахт мебошем!» 150 нафар муҳассилини муассиса ба сафи созмони «Ахтарон» қабул карда шуданд.