Daily Archives: 16.05.2019

1,1

“Оила саодати зиндагист!”

Таҳти ин унвон  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила конференсияи илмӣ-  адабӣ доир гардид, ки дар он занони фаъол ва оилаҳои барӯманд иштирок намуданд.

Screenshot_2019-05-15-22-58-06

Мулоқоти судманд

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии оила бо хонандагони  муассисаи таълимии № 10 мулоқот намуданд.

IMG-a01e54cec77c7749e26e6e256c359f28-V

«Оила – макони меҳру муҳаббат»

Таҳти ин унвон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи байналмиллалии оила дар ташкилоти ибтидоии «Маърифат» чорабинӣ баргузор гардид.

20190514_095202

Ёрии методӣ ба ТИ ҲХДТ

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ «Рӯдакӣ», «Коммуналчиён» ва «Об таъминкунӣ»

вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соати сиёсӣ, ҳолати шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва дафтари қайди аъзоёни ҲХДТ ёрии методӣ расонида шуд.

1,1

“Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкор”

Дар Маркази саломатии шаҳрии №3-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “ Ҷавонон — нерӯи созанда ва бунёдкор” рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ доир гардид. Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева зимни суханронӣ таъкид намуд, ки пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз муттаҳидии ҷавонон вобаста буда, ҷавонон дар меҳвари ҳама гуна тағйироту табаддулоти равандҳои ҷомеа нерӯи марказӣ маҳсуб меёбанд.

viber image 2019-05-14 , 17.58.51

Таъсиси ТИ «Зуҳал»

Дар назди кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” ташкилоти ибтидоии нав бо номи «Зуҳал» таъсис дода шуд. Ин иқдом бо мақсади зиёд намудани сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти масъулини ҳизб маҳсуб меёбад, роҳандозӣ гардид.

20190515_152810

Мусобиқаҳои варзишӣ

Бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бахшида ба истиқболи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар майдончаи варзишии  МТМУ №6 аз рӯи намуди футбол, шоҳмот ва кашидани вазн мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид. Дар мусобиқа хонандагони МТМУ № 6, МТМУ №37,  №28   ва №18  иштирок ва қувваозмоӣ намуданд.

2

Аъзоёни ҲХДТ меафзояд

Дар ташкилоти ибтидоии ”Меваи Истиқлолият” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид, ки дар он ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.