Daily Archives: 17.05.2019

аксия

«Пешвои миллат — раҳнамои ҷавонон»

Бо чунин ном бахшида ба моҳвораи ҷавонӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксия гузаронида шуд. Гуфта мешавад, мақсад аз аксияи мазкур бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва  баланд бардоштани худшиносии ҷавононмаҳсуб меёбад.

IMG_5393

Мусобиқаи воллейбол дар байни бонувон

Дар Кохи варзиши «Чемпион» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид. Мусобиқа бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир шуд ва дар он бонувон маҳорати варзишии худро нишон доданд.

1

Мусобиқаи баскетбол байни бонувон

Бахшида ба 25 — солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд байни омӯзгорони (бонувони) муассисаҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд аз рӯйи намуди варзиши баскетбол мусобиқа баргузор шуд. Мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Семинар

Семинари омӯзишӣ

Нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни семинари омӯзишӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Адрасмон»- и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон мавриди барарсӣ қарор гирифт. Дар семинари мазкур раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон , собиқадорони ҳизб ва ҷавонон иштирок намуданд.

20190516_091155

“Варзиш – гарави саломатӣ”

Чунин унвон дошт мулоқоти навбатии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, ки дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Т. Усмонова доир гардид. Раиси кумиҷроияи ноҳия Қодирӣ Рустам суханронӣ намуда, оид ба рушди соҳаи варзиш ибрози назар намуд. Таъкид шуд, ки варзиш кафили саломатии инсон буда, омили асосии зиндагии шоистаи сокинон маҳсуб меёбад.

6

ҲХДТ – нерӯи тавонои сиёсӣ

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзоёни ТИ «Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» мулоқот доир гардид.

оила

“Оилаи мустаҳкам – омили пешравии ҷомеа”

Ин унвони хониши сиёсӣ буд, ки дар ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир шуд.

Солиева М, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занони кумиҷроияи ноҳия зимни хониши сиёсӣ дар минтақаи Ғозиён оид ба нақши оила дар ҷомеа суханронӣ намуд.

20190516_090700

«Ҷавонон – насли ояндасози Тоҷикистон»

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии Навкент бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” мулоқот доир намуданд. Раиси кумиҷроия оид ба нақши ҷавонон дар рушду пешрафти давлату миллат суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки ҷавонон насли ояндасози Тоҷикистон, нерӯи пешбарандаи ҷомеа, иқтидори воқеии пешрафти давлат ва ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд.