Daily Archives: 22.05.2019

IMG_2943

Дастурҳои РАИСИ ҲХДТ — сармашқи фаъолияти ҳизбиён

Муҳимтарин нуктаҳои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи  10 – уми майи соли равон  бо кормандони соҳаи бонкдорӣ, молиёт (андоз) ва гумруки кишвар аз ҷониби ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии  “Амонатбонк”-и шаҳри Панҷакент мавриди омӯзиш ва натиҷагирӣ қарор гирифт.

98

“Меҳвари муҳаббат”

Дар ташкилоти ибтидоии минтақаи Ғозиён маҳфили навбатии “Меҳвари муҳаббат” баргузор шуд. Дар маҳфили мазкур намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М, занону духтарони хонашин аз маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

1

Мулоқот бо сокинон

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалб намудани аҳолӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ дар бозори «Абдулазиз» ва назди масҷиди Шайх Маслиҳиддин бо сокинон вохӯрӣ доир намуданд.

IMG_20190521_092221

Қишри ояндасоз

Дар Қисми низомии 051056-и Гвардияи миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо сарбозон ва афсарон мулоқот баргузор шуд. Ҷалолов М, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар вохӯрии мазкур иштирок намуда, ҷавононро бо Рӯзи ҷавонон табрик гуфт.

IMG_20190521_144542

Иқдоми наҷиб

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба Рӯзи ҷавонон чанд нафар ҷавононро дидан намуданд. Дар доираи ин иқдоми наҷиб Деҳқонова Муяссар, маъюби гурўҳи дуюм, ки бо мўҳрабофӣ машғул аст ва дар ҷамоати деҳоти Патар зиндагӣ мекунад, мавриди аёдат қарор қарор дода шуд.

20

Мулоқоти судманд

Дар толори МДТ Коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ вохӯрии муштараки масъулини ШВКД ҶТ дар ноҳия ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо донишҷӯён доир шуд.

Дилшод Зокиров, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ  дар мавзӯи «Сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ»  маърӯза намуд. Номбурда оид ба саҳми бузурги абармарди таърих, Раиси муаззами ҲХДТ дар ташаккул ва такомули Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар кард.

1

Ҷаласаи машваратӣ

Маҷлиси машваратии назди раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар  бо иштироки кормандони кумиҷроия доир гардид. Ҷоннок намудани фаъолияти тарғиботию ташвиқотӣ, ташкили мулоқоту вохӯрӣ дар маҳаллаҳо, ҷалб намудани аъзои нав ба сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони арзанда, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими дарпешистода зимни маҷлиси мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG_2918

“Беҳтарин донанадгони ашъори Лоиқ”

КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба зодрӯзи Шоири Халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ ҳамоиш доир намуд, ки дар он аз мероси нотакрори ӯ ёд карданд. Ин иқдом бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи Лоиқ Шералӣ дар рушди адабиёти тоҷик роҳандозӣ гардид.

89

Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа

Ин навбат таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар МТМУ № 15 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид. Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, фаҳмонидани мақсаду мароми созандаи ҲХДТ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ ҳадафи асосии ин мулоқогт маҳсуб мешуд.

2019

Терроризм — хатари умумиҷаҳонӣ

Таҳти ин унвон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар МТМУ № 18 — 19 соати сиёсӣ доир гардид, ки дар он омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро баррасӣ намуданд. Мушовири раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Ортиқбой Икромов ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан Бобурҷон Шарипов  оид ба сабабҳои пайваст шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ суханронӣ намуданд.

20190514_1019

Ҷавонон — давомдиҳандаи ҳадафҳои олии кишвар

Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи №5-и ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт вохӯрӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёти нерӯи пешбарандаи ҷомеа — ҷавонон марвиди баррасӣ қарор гирифт. Дастовардҳои ҷавонон давоми солҳои истиқлолият дар мулоқоти мазкур шарҳ дода шуда, перомуни нақши созандаи ин қишри ҷомеа андешаҳо иброз шуданд.

2

Ҳамоиши ҷавонони фаъол

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши ҷавонони фаъол доир гардид.

Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳия иштирокчиёнро ба моҳвораи ҷавонӣ табрик намуда таъкид дошт, ки ҲХДТ давоми 25 соли фаъолият ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи худ ҳамеша ба нерӯи ҷавонон такя мекунад ва  масоили марбут ба ин қишри пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад.

IMG_20

Ҷавонон – такягоҳи боэътимод

Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бахшида ба Рӯзи Ҷавонон бо ҷавонони шаҳр мулоқот намуд. Раиси кумиҷроия дар бораи нақш ва нерӯи созандаи ҷавонон суханронӣ намуда гуфт, ки ҷавонон ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор доранд.

IMG_20190520_115508

Нерӯи созанда

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо омӯзгорони МТМУ № 6 вохӯрӣ доир шуд. Ҳоҷиев Фирӯз, мудири шӯъбаи ташкилии кумиҷроия суханронӣ намуда, оид ба мавзуъҳои умдаи ҷомеа ибрози назар намуд.

20190508_114536

Ҷавонон – нерӯи пешбарандаи ҷомеа

Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бахшида ба  Рӯзи Ҷавонон  бо ҷавонони фаъоли ҷамоати деҳоти Тағояк мулоқот намуданд.

Умеда Муҳитдинова, сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумиҷроияи ноҳия ҷавононро табрик намуда таъкид намуд, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат маҳсуб меёбанд.