Daily Archives: 23.05.2019

20190523_105521

Иқдоми наҷиб

Имрӯз намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон чанд нафар ҷавонони ниёзманд ва умедбахши ноҳияро аёдат намуданд.

Истаравшан Рузи чавонон

“Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи ҷавонон роҳпаймоӣ доир гардид. Сипас, дар майдони Парчами давлатии шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он кормандон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок намуданд.

P90517-083947

“Ҳизби ормонҳои миллӣ”

Бобоҷонзода Азимҷон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо кормандони раёсати молияи шаҳр мулоқот намуд. Муҳимтарин нуктаҳои мақолаи Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад – “Ҳизби ормонҳои миллӣ” дар мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифт.

IMG_20190522_170754

Пешвои миллат – ғамхори ҷавонон

Таҳти ин унвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аксия гузаронида шуд. Аксияи мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонон доир гардид ва гуфта мешавад, мақсад аз баргузории он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон буд.

1

МАНФИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ 7 майи соли 2019 аз ҷумла дастур доданд, ки «Мо дар фаъолият бояд ҳамеша дар байни мардум бошем ва манфиатҳои шаҳрвандонро дар мадди аввал гузорем, чунки ҳизби мо ҳизби халқӣ – мардумист ва  нақши қишрҳои гуногуни ҷомеа дар маркази сиёсати ҳизби мо қарор дорад».

1

БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсадти таҷлили сазовори  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯзҳо бо ибтикори Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои мухталиф роҳандозӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ташкилоти ибтидоии «Гулчини маърифат»-и кумиҷроияи ҳизби шаҳр бо иштироки омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳо чорабинии маданӣ – фарҳангӣ доир гардид.

20190522_104529

Мулоқот бо ҷавонони деҳот бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Бо  ташабуси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен дар МТМУ №13 – и деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ҷавонон мулоқот баргузор гардид.

IMG_0386

10 нафар ҷавонон аъзои ҳизб шуданд

Дар толори мактаби санъати шаҳр, тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, шӯъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон бахшида ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти  унвони «Ҷавонон нерӯи бузургу пешбарандаи миллатанд» баргузор гардид.

0203

Татбиқи муроҷиати шаҳрвандон

Аз ҷониби роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ карда мешавад.