Daily Archives: 29.05.2019

Дехкон-сари-замин

Мулоқот бо деҳқонзанон

Таҳти шиори “Бале, деҳқон!” ва иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ дар асоси нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд  бо роҳбарии мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи вилоятӣ  Фирӯзахон Раҳимӣ ва аъзои шӯрои занҳои вилоят Зулфия Раҷабова ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд.

IMG-7e42da30d5c7f85cf45f5682b6c7b3e1-V

Одоби муошират

Бахшида ба Рӯзи оила ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Мадад”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо иштироки навхонадорон, ҷавондухтарон дар мавзӯи “Одоби муоширати хонаводагӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

20190513_130753

Вохӯрӣ бо ҷавонон

Дар маҳаллаи Сироҷиддин Иминҷонови Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рӯзиматов Дилшод бо ҷавонони маҳал бобати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрӣ доир намуд.

DSC_4260

Амали хайру савоб

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва мусоидат ҷиҳати ҳалли саривақтии муаммоҳои ҷойдошта яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳизбӣ маҳсуб меёбад.

Сари-замин

Рушди деҳот бо соҳибкорон

Дар  Ҷамоати деҳоти Бунҷикати деҳаи Навкенти ноҳияи Шаҳристон дар  арафаи иди Наврӯз кошонаи ҳусн мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда буд. Бояд қайд кард, ки соҳибкори ҷавон Нодира Соҳибназарова бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифт, ки чунин як кошонаи ҳусн ва сехи дузандагиро ташкил намуда, дар ободонии деҳаи худ саҳм гузорад.

P_20190528

Ҷавонон – нерӯи бузурги ояндасоз

Санаи 28-уми майи соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва нақшаи чорабинии шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона вохӯрӣ баргузор гардид.

аёдат

Амали хайру савоб дар моҳи муборак

Дар ҳар давру замон хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи оилаҳои камбизоат дар мадди назари шоҳони одил қарор дошт. Мо ҳазорҳо шукрона мегӯем, ки Худованд бароямон роҳбари одилу доно, сиёсатмадори маъруфи дунё, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато кардааст.

6

Мизи мудаввар: “Чашмандоз”

Тибқи нақша- чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба моҳвораи ҷавонон дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Мичурин“ бо хонандагон ва омӯзгорони МТМУ №  41 мизи мудаввар бо номи “Чашмандоз“ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва кор бо занон Солиева М., муовини озоди КИИ ҲХДТ дар минтақаи Овчиқалъача Қаландарова М., намояндаи Ҷамоати Овчиқалъача Ҳайдарова Б. иштирок намуданд.

IMG_20190528_102825

Таҳсилоти занон -монеаи хушунат дар оила

Деҳаи Амондара имрӯз дар хатсайри гурӯҳи тарғиботии  КИ  ҲХДТ  дар шаҳри Панҷакент  қарор дошт.

Муовини раиси кумиҷроия,  мудири шӯъбаи кор бо занон Парвина Тошева бо фаъолзанон ва бонувони хонанишини деҳаи Амондара сӯҳбат ороста,  масъулияти тарафҳо, аз ҷумла зану шавҳар, хушдоман, падарарӯс ва дигар аъзоёни оиларо  дар пешгирии  хушунат  мутобиқи талаботи қонун  «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»  шарҳ дод.

изображение_viber_2019-05-28_13-05-46

Аксияи ҷавонон

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дар асоси супориши раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба моҳвораи ҷавонон дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни ҷавони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксия таҳти унвони «Мо, ҷавонон Тоҷикистони маҳбубамонро сабзу хуррам мекунем» баргузор карда шуд, ки дар ин аксия ҷавонон дохили боғро аз партовҳо тоза карда, шохҳои дарахтонро ба тартиб дароварданд.

20190528_103920

Шодбошии сарбозон

Бахшида ба 25 – умин  солгарди таъсисёбии  Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода ба қисми ҳарбии  0201-и дидбонгоҳи сарҳади Фармонқӯрғон ташриф оварда,

5

Кӯдакон чашмаи меҳру муҳаббат

Тибқи нақша –чорабинии  КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Бобоҷон   Ғафуров бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон аёдати кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар Маркази вилоятии барқаросозӣ ва солимгардонии кӯдакон воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача табобат мегиранд, ба роҳ монда шуд.

IMG_20190522

Қабули босифат

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Гулистон баҳри қабули босифати ҳизб кӯшиш намуда, аз ҳисоби бонувони бомаърифат, омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14, фаъолон ва  пешқадамони истеҳсолот аз ташкилотҳои ҲХДТ сафи ҳизбиёнро зиёд намуданд. Ба нафарони ба сафи ҳизб қабул кардашуда, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

4

Аёдат бахшида ба моҳи шарифи Рамазон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шахсан раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Анварзода Амир бахшида ба моҳи шарифи Рамазон бо дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Бобоҷон Ғафуров аёдати шахсони ниёзманд, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва оилаҳои камбизоатро ба роҳ монда, ба онҳо маводҳои хӯрока дастрас намуданд.