Daily Archives: 30.05.2019

20190529_114933

Пурсиши афкор миёни сокинон

Намояндагони шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати муайян намудани омилҳои асосии мушкилоти оиладорӣ миёни сокинони ноҳия пурсиши афкор гузарониданд.

LOGO

ВАО — нерӯи тавоно

20190529_163226

Кӯдакон – ояндаи дурахшон

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз як қатор кӯдакони имконияташон маҳдуд дидан намуд.

6

Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

Дар маҷлиси раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳия маҷлисро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

20190529_093113

Кӯдакон – ояндаи миллат

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар МДТТ № 12 ба номи “Истиқлол”-и ҷамоати шаҳраки Шайдон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

20190528_101718

Кӯдакон ва наврасон – сарвати бебаҳои миллат

Таҳти ин унвон дар МТМУ № 1-и ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт мулоқот доир шуд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Рӯзиматов Дилшод перомуни Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки кӯдакон сарвати бебаҳои миллат буда, ояндаи миллат аз тарбияи ин қишри хурдсоли ҷомеа вобаста аст.

IMG-c36675821a723b5c2dd071ca384ffe0a-V

Иқдоми наҷиб

Дар арафаи таҷлили Иди Рамазон намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом якчанд оилаи ниёзмандро аёдат намуданд. Мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳр Фирӯза Шерматова ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Заррина Ғафурова аёдатшудагонро бо Иди Рамазон табрик гуфтанд.

IMG_20190528_105748

Мулоқоти судманд

Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони деҳаҳои Роҷу Равот мулоқот намуданд. Омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншооти гуногун дар деҳот дар доираи эълом шудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таҷлили 5500 — солагии шаҳри Саразм, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, саббаҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ин мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт.

IMG_20190520_133219

Семинари омӯзишӣ

Дар ташкилоти ибтидоии  “Патар”-и шаҳри Конибодом бо мақсади ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова оид ба маъракаи сиёсии интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маҷлиси маҳаллӣ суханронӣ намуд.

9

АЁДАТИ РАМАЗОНӢ

Як қатор ашхоси ниёзманд дар ноҳияи Мастчоҳ аёдат карда шуданд. Иқдоми наҷиби навбатӣ бо дастгирии Акбархоҷа Қобилов, директори Оҷонсии ғайриманқули «Мусаввар» амалӣ карда шуд.

IMG_20190528_110955

Ҷавонон — ояндаи давлат

Мудири шуъбаи кор бо чавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Равоти ҷамоати деҳоти Амондара  мулоқот намуд. Мавзуъҳои умдаи ҷомеаи муосир зимни мулоқоти мазкур баррасӣ шуданд.