Daily Archives: 04.06.2019

IMG_20190603_115918

Аёдати рамазонӣ

Бо иқдоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ба як қатор оилаҳои ниёзманд, ашхоси бемор ва занони яккаву танҳо бахшида ба Иди Саиди Фитр кӯмаки моддӣ дастрас карда шуд. Ин иқдом ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ гардид. Таъкид шуд, ки аёдат ва ғамхории ашхоси яккаву танҳо асоси фаъолияти ҲХДТ маҳсуб ёфта,  аз ҳадафҳои олии ин ҳизби мардумӣ ба шумор меравад.

20190601_175728

Аёдати 30 оилаҳои ниёзманд

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ва вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода дар арафаи «Иди саиди Фитр» зиёда аз 30 оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва маъюбон аёдат карда шуданд. Раиси кумиҷроияи ноҳия Ойбек Насруллозода аёдатшудагонро аз номи Роҳбарияти Олии ҲХДТ ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд.

58

Иқдоми нек

Бахшида ба Иди Саиди Фитр бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод як қатор ашхоси ниёзманд ва маъюб аёдат шуданд. Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои олии ҳизб роҳандозӣ гардид.

IMG_20190530_111824

Аёдати Рамазонӣ

Санаи 3 июни соли равон намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҷиҳати расонидани кӯмаки моддӣ якчанд оилаҳои ниёзмандро аёдат намуданд. Дар доираи ин иқдом омӯзгори нафақахӯр, собиқадор ва аъзои фаъоли ҲХДТ Қаҳҳорова Нурия Аҳмадҷоновна аёдат шуда, ба оилаи онҳо маводи хӯрока аз қабили орд, равған, қанди сафед, биринҷ, макарон, шириниҳо ва чой дастрас карда шуд.