Monthly Archives: Июнь 2019

IMG_0228

Ваҳдат – меҳвари рушду нӯмуи давлат

Имрӯз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 22-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

111

Бо мардум дар ҷои зист

Раисони 18 маҳаллаи шаҳри Панҷакент ба кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ташриф оварда, хоҳиши бархе аз сокинони маҳаллаҳоро қабул намудан ба сафи ҳизб ва созмон додани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дар маҳаллаҳо баён доштанд.

IMG_20190530_121312

Вохӯриҳо бо омӯзгорон

КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №2,52 вохӯрӣ доир кард.

IMG_20190510_103155

Иқдоми хайрхоҳонаи ҲХДТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ корҳои хайрро роҳандозӣ кард.

IMG_0016

Конфронси илмӣ: “Саодати миллат дар ваҳдат аст”

Бахшида Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар толори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Саодати миллат дар ваҳдат аст» баргузор гардид.

DSC_5079

Ваҳдати миллӣ – бузургтарин дастоварди истиқлолият

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо намояндагии Шӯрои занон оид ба таҳкими сулҳ ва сулҳоварӣ дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҳфили идонаро таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди истиқлолият аст!” баргузор намуд.

DSC_5356

Пешвози сазоври 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар Ашт

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт баҳри истиқболи сазовори 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо ва тадбирҳои муфидро амалӣ мегардонад.

20190625_092317

Вохӯрии судманд бо омӯзгорон

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо омӯзгорон ва хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6 мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

22

“Фурӯғи субҳи доноӣ”

-Таҳти ин унвон дар китобхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҳфил доир шуд.

111

Мулоқот бо хонандагон

КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки “Консой” бо хонандагон мулоқот доир кард.

22

Ваҳдати миллӣ ва ҷавонон

“Нақши ваҳдати миллӣ дар ташаккули ҳисси ватандустии ҷавонон”-чунин ном гирифт мавзӯи сӯҳбати гирди миз бо кормандони ҷавони маркази саломатии шаҳр, ки бо ибтикори мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ Мавлуда Тоҷиева ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.

222

Тарғиби самтҳои афзалиятноки ҲХДТ

Бо кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод мулоқот доир шуд.

2019

40 нафар аъзои ҲХДТ шуданд

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Барқ»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо аъзову ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.

0

Арзишмандтарин дастоварди замон

Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ ба мавзӯи ваҳдати миллӣ бахшида шуд. Дар онҳо доир ба таъриху аҳамияти бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ – ваҳдати миллӣ маърӯзаҳо ироа гардиданд. 

IMG_20190621_114232_1

Ҳифзи пойдории ваҳдат – вазифаи ҳар фарди ватандӯст

Дар мизи мудаввар, ки ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ бахшида шуд, аз нақши занон дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳарф заданд.