Daily Archives: 24.07.2019

КИВ ҲХДТ: хониши сиёсӣ
Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд хониши сиёсии навбатӣ доир гардид.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Сухани халқ” Бобоҷон Қурбонов доир ба воқеоти муҳими кишвар, ки дар чопи навбатии матбуоти даврӣ ва расонаҳои электронӣ мунташир гардидаанд, маълумот дод.

Ҷаласаи “Ситоди обуна — 2020”
Дар маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи “Ситоди обуна — 2020” баргузор гардид. Раиси кумиҷроияи ноҳия Абдуғанӣ Қобилзода оид ба нақши матбуоти ҳизбӣ дар пешрафти фаъолияти ҳизб суханронӣ намуд.

ҲХДТ — ҳизби ормонҳои халқ
Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо сарварони муассисаҳои томактабӣ мулоқот намуданд. Мақсаду мароми ҲХДТ зимни мулоқоти мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гулистон: санҷиши ташкилоти ибтидоӣ
Намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Апрелевка» — ро аз санҷиш гузарониданд.

Мулоқоти судманд
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳини мулоқот бо сокинони ноҳияи Айнӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷавонон дар маркази таваҷҷӯҳи ҲХДТ
Дилшод Рӯзиматов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо ҷавонони ҷамоати шаҳраки Шайдон вохӯрӣ намуд.