Daily Archives: 19.11.2019

12

“Кормандони беҳтарини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ»

Ғолибони озмуни “Кормандони беҳтарини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ» муайян шуданд. Рустам Қодирӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ба 25 нафар ғолибони озмун ҷоизаҳо супорида таъкид дошт, ки ин иқдом бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ роҳандозӣ шудааст.

75550451

ҲХДТ: рушди соҳаи варзиш дар меҳвари фаъолият

Мусобиқаи футболи хурд, ки бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Истаравшан ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид.

1

КИВ ҲХДТ: ҳашари ободонӣ гузаронида шуд

Бо дастури раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ҳашари ободонӣ гузаронида шуд.

7

Ҷавонон – ояндаи миллат

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ бо ҷавонону наврасон мулоқот доир шуд, ки дар он  масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии истифодаи нодурусти технологияи муосир ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

66

Омӯзгор – роҳнамои зиндагӣ

Нақши омӯзгорон — зиёиёни деҳот дар боло бурдани сатҳи маърифати сиёсии мардум, тарғиби сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мулоқоти мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Бурсибой Лутфуллоев ва сармутхассиси шӯъбаи ташкилии кумиҷроия Абӯбакр Исоев бо омӯзгорони МТМУ рақами 32-и деҳаи Амондора матраҳ шуд.

01

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз…

Бо ташаббуси  шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  бо чунин унвон мафили адабӣ баргузор шуд, ки дар он перомуни эҳтиром ба насли калонсол ва одоби муошират сӯҳбат намуданд.

2

Эмомалӣ Раҳмон — эҳёгари Роғун

Зимни мулоқот бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳияи Зафаробод раиси кумиҷроияи ноҳия перомуни аҳамият ва бунёди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ва нақши Пешвои муаззами миллат дар оғози сохтмони ин иншооти аср сухан гуфт. 

1

Фарзанди фарзонаи миллат

Тӯйғун Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод зимни мулоқот  дар ташкилоти ибтидоии МДТ ЛКТСК дар бораи саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу оромӣ, некӯаҳволии мардум, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон сӯҳбат намуд.

05

Парчам – рукни асосии давлатдорӣ

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуд.

IMG_20191114_091726

“Пешвои миллат – ифтихори миллат”

Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар толори бахши фарҳанги шаҳраки  “Адрасмон”  ҳамоиш доир намуд, ки дар он аъзои ҲХДТ, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва бонувони фаъоли ҳизб иштирок намуданд. 

IMG_20191114_111128

Занон — нерӯи пешбараи ҷомеа

Намояндагони шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич  дар муассисаи таълимии томактабии раками 8-и Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич мулоқот ташкил намуда, оид ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа сӯҳбат намуданд.

1

Баррасии масоили мубрами ҷомеа

Омилҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бо терроризму экстремизмро масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан зимни мулоқот бо сокинони маҳаллаи «Имоми Аъзам» баррасӣ намуданд.

IMG_20191115_122655

Мо терроризмро маҳкум менамоем

Ин мавзуъ зимни мулоқоти масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо омӯзгорону муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 — и деҳаи Қалъачаи Араб мавриди муҳокима қарор гирифт.

IMG-

Ташаббуси шоиста

Муслимахон Ҷамолиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор собиқадорони ҳизбу меҳнат ва оилаҳои ниёзмандро аёдат намуд.

78

Саҳми ҳизбиён дар ободонии Ватан

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ҳашари ободонӣ гузаронида шуд. Дар доираи ин иқдом ҳизбиёни ноҳия дар тозаву обод гардонидани муҳити атроф саҳми худро гузоштанд.