Monthly Archives: Декабрь 2019

Терроризмро маҳкум мекунем!
Таҳти ана ҳамин унвон дар маркази шаҳри Конибодом роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуданд.

Аъзои ҲХДТ рӯ ба афзоиш дорад
Бобоҷонзода Азимҷон Тоир, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо кормандони ташкилоти ибтидоии Беморхонаи бачагонаи шаҳр вохӯрӣ намуд.

Маърифати сиёсӣ
“Терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуб маҳсуб ёфта, омили ваҳшоният ва ҷаҳолат шудааст.

ҲХДТ ва ғояҳои созандаи он
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ташкилотҳои ибтидоии минтақаи Ғозиён бо аъзои гурӯҳи тарғиботӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Ояндаи миллат
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷавонони ташкилоти ибтидоии “Увоқ” мулоқот намуданд.

Хуҷанд: таҷлили рӯзи кормандони соҳаи энергетика
Дар толори идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи касбии энергетикҳо бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Зиракии сиёсӣ
Омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар мулоқоти кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷавонони деҳаи Ободӣ муҳокима гардид.

Ҳизби бунёдкор
Нуктаҳои муҳимтарини Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни мулоқоти масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ шарҳ дода шуд.

Терроризмро маҳкум мекунем!
Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо хонандагони синфҳои болоии муссисаҳои таълимии ҳудуди деҳоти Патари шаҳр мулоқот намуда, перомуни таҳдидҳои муосири раванди ҷаҳонишавӣ сӯҳбат намуданд.

“Ваҳдати оила” боз як оиларо ба муросо овард
Маркази “Ваҳдати оила”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд боз як оиларо ба муросо овард. Ин навбат ба масъулини марказ ҷиҳати ҳалли муаммои оилавӣ сокини Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом шаҳрванд Н. ( ному насаби аъзои оила махфӣ нигоҳ дошта мешавад) муроҷиат намуд.

Сафи ҲХДТ афзоиш дорад
Муяссара Солиева, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба як қатор аъзои тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида, таъкид дошт, ки узви ҲХДТ будан на танҳо шараф, балки масъулияти бузург аст.

Рӯзи касбии кормандони соҳаи энергетика
Ба муносибати рӯзи касбии кормандонии соҳаи энергетика дар ташкилоти ибтидоии ҳизии “Нурафшон” чорабинӣ доир гардид.

Ташаббуси шоиста дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Ба муносибати Соли нави мелодӣ аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд номзади илмҳои тиб, узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Комилов ба 24 нафар донишҷӯёни ятим кӯмаки пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.