Monthly Archives: Январь 2020

Омодагӣ ба маъракаи сиёсӣ
Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, хосатан дар арафаи баргузории маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ санаи 31 январи соли равон КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ мулоқот доир намуд.

МУЛОҚОТ БО НОМЗАДҲО
Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон тибқи нақша мулоқоти номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Мастчоҳ №18 номбурда баргузор гардид.

Файзи дастархон
Ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар даври шаҳрии озмуни дастархонороӣ, ки дар толори тарабхонаи “Дӯстӣ”-и шаҳри Панҷакент бо ибтикои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд, фаъолона иштирок намуданд.

Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ бо номи «Сарбози оянда»
Бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МТМУ №19 — и шаҳраки Ғафуров мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ таҳти унвони «Сарбози оянда» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардид.

Пурсиши афкори умум.
Ҳайати ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан имрӯз пурсиши афкори умумро доир ба баргузории “Интихоботҳои соли 2020” гузаронид.

АЗ ДАВЛАТСОЗИИ МИЛЛӢ БА ДАВЛАТДОРИИ ВОҚЕӢ
Дар доираи нақши – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсаду шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд мулоқоти кормандони кумиҷроия бо бошандагони Хонаи пиронсолон доир гардид.

“Ҷашни Сада дар ноҳияи Шаҳристон”
Имруз дар маркази ноҳияи Шаҳристон ҷашни «Иди Сада» бо иштироки меҳмонон ва сокинони ноҳия ва бо як шахомати хоса баргузор гардид. Дар ин чорабини меҳмонон ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, Раисони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, занҳои хонашин, соҳибкорону ҳунармандон ва меҳмонон иштирок намуданд.

Идомаи Аксия таҳти унвони «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
Кормандони Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон дар минтақаи “Шаҳристони боло” ташриф оварда бо иштироки кормандони соҳаи маориф идомаи аксияи «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ро гузарониданд.

Тарбия – амали тақдирсоз
Мувофиқи талаботи замон ба низом даровардани раванди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аҳамияти рӯзафзун касб менамояд.

Ваҳдати оила
Санаи 30-юми январи соли равон ба маркази ҷамъиятии “Ваҳдати оила”-и назди шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд 1 адад оила аз Кумитаи маҳаллаи “Сирдаринский”-и шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Масъалаи муроҷиати шаҳрванд марбут ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ, хушунати хушдоману келин ва дигар аъзои оила дар бар гирифт.

Паём роҳнамои имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Тибқи нақшаи тасдиқшудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт оиди шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоату шаҳракҳо, ташкилотҳои давлатию ҷамъияти вохӯриҳои тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо сокинон идома дорад. Дирӯз вохӯрии навбатии гуруҳи тарғиботчиён бо бонувони фаъоли ноҳия доир гардид.

УЧАСТКАҲОИ ИНТИХОБОТӢ БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ ОМОДААНД
Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ имрӯзҳо аъзоёни Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ҳамаи ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ сафарбар гардида, дар рафти бақайдгирии номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ кӯмаки худро расонида истодаанд.

Аксия таҳти унвони «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
Кормандони Кумитаи иҷроияии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

Ҷавонон ояндасози миллатанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд.

Паём- роҳнамои имрӯзу фардои миллат
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар бори дигар ба саҳми занон дар ҷомеа таъкид намуда, қайд карданд, ки ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда хеле зиёд буда, минбаъд низ ба занон диққати бештар дода мешавад.