Daily Archives: 17.01.2020

Logo_001-300x199

Беҳтаринҳо ба вакилии МНМОҶТ пешбарӣ шуданд

Тибқи нақшаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаҳои 6-13-уми январи соли равон барои  пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандата ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронсҳои ҳизбӣ доир гардид.

Зимни баргузории конфронсҳои ҳизбӣ дар  13 ҳавзаҳои якмандата аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд  беҳтарин шахсиятҳо, ки барои имрӯзу фардои дурахшони Ватан ва миллат хидматҳои шоиставу назаррас доштанд, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуданд.

IMG_20200114_100808

Пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ

         Идомаи кори Конфронси XXIII  КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санаи 14 январи соли 2020 дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқии Суғд” ба вуқӯъ пайваст. Дар кори конфронс мушовири  Раиси  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Анвар Ҷалилов, раиси комиссияи шаҳрии интихобот Лоҳур Назришозода ширкат  варзиданд.

DSC_0327

Тарғиби Паём идома дорад

Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳайати раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёӣ Б.С., ректори ДДҲБСТ —  Шарифзода М.М. ва устоди ДДҲБСТ- Тюряев Ҷ. дар ташкилоти ибтидоии беморхонаи марказии ноҳияи Ашт  ҷиҳати тарғиби  Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома ёфт.

SAMSUNG DIGITAL CAMERA

Соҳаи маориф дар Паём

       Намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  бо омӯзгорону муҳассилини МТМУ №1 ва собиқадорони ҳизби ноҳия вохӯрӣ  гузаронид. Дар он раиси кумиҷроияи ҳизбии ноҳия  Рустам Қодирӣ  оиди нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ сухан ронд. Бахусус, перомуни таваҷҷӯҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳарф зад.

Деваштич_Паём_коррупсия

Муқовимат бо коррупсия омили пешрафти ҷомеа

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Матлуботчиён»-и назди Ҷамъияти матлуботи ноҳия мулоқот доир гардид, ки дар он соҳибкорону фаъолони ташкилоти мазкур иштирок доштанд.

1

Вохӯрӣ дар қисми низомӣ

Санаи 16 январи соли 2020 дар қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзиев Самандар, собиқадори ҲХДТ Негматова Мукарама, намоянда аз МИМҲД-и ноҳия Қурбониён Ардашер, намояндаи Ҷамоат Каримов Ҷавоҳир, мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қумринисо ва подполковники гвардия Ҳамрозода Фурқат Муҳамадӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.