Daily Archives: 01.02.2020

Мастчох

МАСТЧОҲ: ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ ТАБЛИҒОТИИ НОМЗАДҲО

Нахуствохӯрии тарғиботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Мастчоҳ №18 Азиззода Ғайрат Мулломаҳмад ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Оббурдон №52, и.в. раиси ноҳияи Мастчоҳ Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат дар Хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ  бо интихобкунандагон баргузор шуд, ки дар он масъулини ҳавзаҳои номбаршуда, номзадҳо, шахсони боэътимоди онҳо низ  иштирок доштанд.

Деваштич-аксия-интихобот

Интихобот -маъракаи муҳимми сиёсӣ!

Таҳти ҳамин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бахшида ба маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихобот-2020 аксияи таблиғотӣ баргузор намуд.

444445

Ҳизби пешбару раҳнамо

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич дар Маҷмааи «Модару кӯдак» бо кормандони соҳаи тиб ҷиҳати тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҳизб (муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат барои солҳои 2020-2025) мулоқот баргузор гардид.

IMG_1047

Суҳбат бо номзадҳои ҳизб

Дар  ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, ки дар конфронси ташкилоти ҳизбии шаҳр  пешбарӣ шудаанд, суҳбат баргузор шуд.

IMG_20200129_111047

Ҷавонон -ҷонибдорӣ сиёсати Пешвои миллат

 Дар ҷамоати деҳоти Саразм мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева бо ҷавонон мулоқот орост.

20200123_090535

Сафи аъзои ҳизб меафзояд!

Мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар ташкилоти ибтидоии «Барқи Спитамен» оид ба самтҳои афзалиятнокии фаъолияти ҲХДТ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ соати сиёсӣ баргузор гардид.

IMG_20200131_120740

Вохӯрии судманд

Санаи 1 феврал Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо кормандони  МТМУ №15 ва муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Меҳрафрӯз” вохӯрӣ баргузор намуд.

IMG_9550

Фаъолияти ситоди пешазинтихоботӣ густариш меёбад.

Санаи 1 феврали  соли равон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар толори ҳифзи муҳити зисти шаҳр ҷаласаи навбатии ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ-ро бо иштироки раиси ситод, муовини ситод, аъзоёни ситод ва аъзоёни гуруҳҳои тарғиботиву ташвиқотӣ доир намуд.

Зафаробод

Фаъолияти ситоди пешазинтихоботӣ густариш меёбад

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод ситоди навбатии пешазинтихоботиро баргузор намуд. Дар ситод масъалаҳое, ки дар ҷаласаи КИВ ҲХДТ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳисоботи аъзоёни ситод дар самти омодагиҳо ба Интихоботи қарибулвуқӯъ шунида шуд.