Daily Archives: 03.02.2020

Конибодом

Паём раҳнамои омӯзгорон

Санаи 3.02.2020 муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати баррасии мӯҳтавои Паёми сарвари давлат,Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар бо ҷомеаи муассисаи таълимии № 2 мулоқот орост. Қайд гардид, ки таваҷҷӯҳи сарвари давлат ба соҳаи маориф чун ҳамешагӣ дар мадди аввал мебошад.

Истаравшан

Вохӯрӣ бо интихобкунандагони аввалин

Ҳайати ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар участкаҳои интихоботӣ бо ҷавононе, ки бори аввал дар интихобот иштирок менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.

1145

Фурӯғи субҳи доноӣ…

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бобати масъалаи китобхонӣ ва тарғиби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илму дониш дастур дода, талаб намуданд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…”боз ҳам дар сатҳи баланд ва бо фарогирии  қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардад.

5

Аксияи тарғиботӣ

Бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар деҳоти Равот ва Патари шаҳр аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” баргузор гардид.

01

ПУРСИШНОМА ДАР ОСТОНАИ МАЪРАКАИ СИЁСӢ

Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсии интихобот ба Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллӣ субҳи имрӯз бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  ҳудуди маҳаллаҳои сераҳолии шаҳри Хуҷанд аз қабили бозори марказии шаҳр, хиёбони Исмоили Сомонӣ, наздикии мағозаҳои «Авесто» ва «Анис» миёни мардум пурсишнома доир ба моҳияти интихобот, мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ, ба кадом ҳизбҳои сиёсӣ эътимод доштани аҳолӣ, чи беҳбудиро аз вакили интихобмекардаашон интизоранд, гузаронида шуд.

IMG_20200201_093910

Ободӣ мароми мост!

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодаанд.

20200202_111106

Шанбегӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар ноҳияи Спитамен бо иштироки фаъолон, ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва инчунин, кормандони кумитаи  иҷроияи ҳизбии ноҳия шанбегӣ гузаронида шуд. Дар он, асосан ба корҳои ободонӣ даст зада, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз, гулҳои ороишӣ, тоза кардани ҷӯйборҳо ва баровардани партовҳо анҷом дода шуданд.

БГ.

Шанбегӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Баргузор намудани шанбегиҳо аз як ҷониб омодагии ҳамаҷониба ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги давлатӣ бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи хештаншиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва ҳисси эҳтиром ба зебогии табиату муҳити атроф маҳсуб меёбад.