Daily Archives: 04.02.2020

113

Боздид аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ

Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии Маркази хун, Судэкспертизаи судию тиббӣ, Маркази равонпизишкӣ ва Маркази дилшиносии вилояти Суғд шинос шуд.

изображение_viber_2020-02-04_16-39-17

ТАШВИҚУ ТАРҒИБИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ

Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тикистон имрӯз гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд. Вохӯрии мазкур дар толори факултети филологияи ӯзбеки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуд.

Хучанд

БО ХАЛҚ ВА БАРОИ САОДАТИ ХАЛҚ

  Бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи карибулвуқуъ аъзоёни ситоди пешазинтихоботии кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муҳаббат Ӯрунбоева, муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва Заррина Манонова, мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроия  аз ҳавзаҳои интихоботии шаҳрии рақамҳои 1 ва 2, участкаҳои интихоботии рақамҳои 1, 2 ва 3 дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо ҷараёни қабули номзадҳои пешбаришуда аз Ҳизби Халқии Демокртатии Тоҷикистон тариқи конфронсҳо ба шахсони бовариноки вакилон дастур доданд, ки зимни таҳия ва баромадҳо бештар ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ такя намоянд.

20200203_104452

Омодагиҳо ба интихобот

         Дар маҷлисгоҳи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Ситоди васеъи пешазинтихоботии КИН ҲХДТ баргузор гардид.

Спитамен

Мулоқоти судманд

Тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии Т. Ӯлҷабоев бо иштироки сардори шӯъбаи корҳои дохилӣ, роҳбарони мақомотҳои қудратии ноҳия, фаъолон, раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроия Ҳафизулло Раҷабов, раисони кумитаи маҳаллаҳо, ходимони дин ва сокинони ҷамоат маҷлис баргузор гардид.

Истиклол

Вохӯрии пешазинтихоботӣ

Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол вохӯрии номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар аз ҳавзаи интихоботии «Мастчоҳ-18» ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ шахсони боэътимоди номзадҳо баромад намуда, оид ба ҳаёту фаъолияти онҳо ва барномаи пешазинтихоботиашон маълумот доданд.

20200203_114452

Мулоқоти ҳизбиён бо ҷавонони фаъол

Бо ибтикори кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бо ҷавонони фаъол аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва  миёнаи махсус дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи политехникии ноҳия” мулоқот баргузор гардид. Дар мулоқот раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун, мудири бахши рушди иҷтимоии МИҲД дар ноҳия Фирдавс Боймуродов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Беҳзод Авезов, намояндаи ШВКД дар ноҳия Камолов Амриддин,  аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз муассисаҳои таълимии коллеҷи политехникӣ ва МДТ ЛКТСК-и ноҳия  иштирок намуданд.

Гулистон

Саҳми фаъолзанони ҳизб дар шанбегӣ

       Тибқи супоришоти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади баргузории корҳои ободонии пешазинтихоботӣ гурӯҳи тарғиботӣ, фаъолзанони ҳизбӣ дар ҳамҷоягӣ бо мудири шӯъбаи кор бо занон ва мутахассиси пешбари шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегӣ доир намуданд.

ячсывмсы

Баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ

      Лозим ба ёдоварист, ки тайи ду даҳсолаи охир дар шабакаи интернет шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо хусусиятҳои ба худ хосеро доро мебошанд. Агар аз як ҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ иртиботӣ одамонро таъмин намоянд, аз ҷониби дигар сарчашмаи тарғибу ташвиқи андешаҳои ифротӣ ва ҳамчун унсури таъсиррасон ва тарғибу ташвиқ дар раванди маъракаи интихоботӣ васеъ истифода мегарданд.