Daily Archives: 05.02.2020

13

Интихобот – омили асосии пешрафту шукуфоӣ ва тинҷиву оромӣ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо интихобкунандагон вохӯриву мулоқот доир мегардад, ки ҳадаф аз ин вохӯриҳо ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маҳсуб меёбад.

11

Ҳизби динӣ – мухолифи давлати дунявӣ

Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ исбот намуд, ки ба сари қудрат омадани ҳизбҳои динӣ оқибат бо қафомонӣ ва зиддияти равияву мазҳабҳои ҷомеа меанҷомад. Зеро бо роҳи зўрӣ бор кардани ақида ба мардум ва бо шеваҳои тундгароӣ идора намудани давлат аз ҳар ҷиҳат боиси нобудии низоми сиёсӣ мегардад. Ба сари қудрат омадани «ихвониҳо» дар Миср ва зиддияти мазҳабӣ дар Афғонистон, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

9

Аксияи «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!»

Таҳти ин унвон мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С.Ф. ба ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” ташриф овард. Мавсуф бо хонандагони синфҳои ибтидоӣ  вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо дар бораи ҲХДТ мухтасар маълумот дод.

8

Иқдоми созандаи номзад

Бо иқдоми номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси ташкилоти ибтидоии ба номи Ғафурҷон Ортиқов Бахтиёрзода Фирдавс дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш, дур будан аз фарҳанги бегона, аз даст надодани зиракии сиёсӣ бозии варзишии футбол байни ҷавонони ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов аз  санаи 3 феврали соли равон оғоз гардид.

7

Маҳфили қаламкашони ҷавон

 Бо ибтикори ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом маҳфили қаламкашони ҷавон баргузор гардид. Дар он мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони  кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва намояндаи рӯзномаи “Садои Конибодом” Фирӯзаи Абдулазиз баромад намуда, ҷавононро ба хондани китобҳои  бадеӣ ҳидоят карданд.

Безымянный

Фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ санҷида шуданд

Масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти якчанд ташкилотҳои ибтидоиро мавриди санҷиш қарор доданд. Аз ҷумла, фаъолияти ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии ноҳия аз назар  гузаронида шуд.

Безымянный

Пурсиши афкори умум

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон, огоҳии онҳо аз фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дар доираи омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ — интихобот ба Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллӣ масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бозорҳои “Шоҳроҳи Абрешим” ва “Баракат” миёни мардум пурсиши афкори умум доир намуданд.