Daily Archives: 08.02.2020

MyCollages

МАШВАРАТИ ДАСТУРДИҲӢ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумиҷроияи вилоятии ҳизб семинар -машварати дастурдиҳӣ бо гурӯҳи ташвиқоту тарғиботчиёни назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид. Семинар — машваратро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Сатториён Матлубахон Амонзода  оғоз намуда, дар бораи мақсаду мароми машварат ва маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Маҷлисҳои маҳаллӣ ибрози ақида намуд.

Fotoram.io (9)

НЕРӮИ СОЗАНДА БАР МАНФИАТИ ҶОМЕА БОЯД КОРБАРӢ НАМОЯД

Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаинаи Шӯрои занони кумиҷроияи шаҳрӣ субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо ҷамъи беш аз 50 нафар занони фаъол ҷаласаи ҳисоботӣ доир гардид.

Fotoram.io (10)

ТАРҒИБИ МАЪРИФАТИ ШАҲРВАНДӢ

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни миллии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни фаъоли ҲХДТ, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди маҳаллаи «Чорчироғ» шанбегӣ доир карда шуд.

Fotoram.io (11)

ИДОМАИ АМАЛҲОИ ХАЙР

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманд эътибори махсус зоҳир гардид.

3

Омили асосии пешрафту шукуфоӣ

Дар маҷлисгоҳи бинои 2-и МДТ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид, ки ҳадаф аз ин вохӯрӣ ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аст.

Fotoram.io (8)

АМАЛИ ХАЙР ДАР ОСТОНАИ ИНТИХОБОТ

Дар доираи омодагиҳо ба маъракаи сиёсии дарпешистода аз ҷониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ амалҳои хайриявӣ, аз ҷумла, аёдати беморону маъюбон ва пиронсолону ниёзмандон ба роҳ монда шуда истодааст.

20200207_133206

Мулоқот бо ҷавонон

Тибқи нақшаи бахши ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо иштироки мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия Зарина Бобоқулова ва мутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти кумитаи иҷроия Азиза Отабоева дар МТМУ№7-и ҷамоати деҳоти Тағояк бо ҷавонон вохӯрӣ гузаронида шуд.

20200208_120947

Аъзоёни фаъоли ҲХДТ дар шанбегӣ иштирок карданд

              Санаи 8 уми феврали соли равон дар ноҳияи Спитамен бо иштироки фаъолон, ташкилоту муассисаҳо ва сокинон шанбегӣ баргузор гардид, ки дар он корҳои ободонӣ ба монанди шинонидани ниҳолҳо, сафед кардани дарахтҳо ва тоза кардани кӯчаҳо аз партоваҳо ба роҳ монда шуд. Дар ин шанбегӣ зиёда аз 3000 нафар аъзоёни фаъолонаи ҲХДТ иштирок намуданд.

IMG_20200204_141435

Маҳфили навбатии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!»

Дар ташкилоти ибтидоии «Дӯзанда»-и литсейи касбӣ-саноатии  дӯзандагии шаҳри Конибодом дар партави нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бомаърифатии ҷавонон, ҷалби онҳо ба китобу китобхонӣ ва дар ин замина арҷ гузоштан ба мероси бою рангини гузаштагон маҳфили адабии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!” баргузор гардид. 

IMG-4f6f7261c453d7962dde0a8fcaaac64e-V

Коллеҷи технологӣ: 15 нафар узви ҲХДТ шуданд

Дар Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Каҳҳорови шаҳри Конибодом бо донишҷӯёни коллеҷ мулоқот доир гардид.

1580790294_5e38f216a8d6d

Паёми Пешво – дастури раҳнамо

Бо мақсади шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат дар ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом вохӯриву мулоқот бо аҳолӣ идома дорад. Оғоз аз санаи 30-юми соли равон то ба имрӯз мулоқот дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти шаҳр  доир гашт.

IMG-f98158f2c2b8d716b3d770639d3b49bd-V

Ниҳолшинонӣ дар ТИ МНДРА

Бахшида ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраку ҷамоатҳои ноҳияи Зафаробод рӯзи шанбеи ҳар ҳафта шанбегӣ доир мегардад.

IMG_20200131_120603

Баррасии нуктаҳои асосии Паём

Бо мақсади фаҳмонида додани муҳимтарин самтҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди  бозорчаи марказии шаҳри Гулистон, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо бонувон ва собиқадорон мулоқот доир намуд.