Daily Archives: 13.02.2020

IMG_20200211_104532

МО ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси нақшаи корӣ бо мақсади  тарғибу ташвиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013-2020 ба қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии ноҳия ташриф оварда, бо афсарону сарбозони қисми низомии мазкур суҳбатҳо таҳти унвони “Мо зидди коррупсия!” доир карда шуд.

IMG_20200211_143546

Вохӯрии аъзои ҲХДТ бо сарбозон

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Р., мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо  Ғоибов С.Ф. ва  мудири бахши кор бо занони кумитаи иҷроия Примқулова З.  зимни сафари корӣ оид ба тарғиботу ташвиқоти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, интихоботи вакилони арзанда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳаи Фирдавсӣ ташриф оварда, бо афсарону сарбозони қисми низомии ВМ ҶТ “Дуоба” мулоқот гузарониданд.

IMG_20200206_105009

Афзунгардонии сафи ҳизб

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ғоибов С. Ф. бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои умедбахши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷалб намудани кормандони фаъоли  ташкилотҳои ибтидоӣ  ба ТИ  “Хоҷагии ҷангал” ташриф оварда,  бо иштироки муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ  Шодиев Ф. ва аъзои ҳизб ба якчанд шаҳрвандон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. 

IMG_20200211_102949

Ҷалби соҳибкорон барои обод намудани маҳал

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ҷалби соҳибкорону саховатпешагон дар корҳои ободонӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон тасмим гирифт, ба деҳаи Навкент ташриф оварда, бо шахсони соҳибкору саховатпеша вохӯрӣ доир намояд.

All-focus

Тарғиботчиён аксия гузарониданд

Имрӯз дар саросари ноҳияи Шаҳристон аксияи таблиғотӣ аз ҷониби  гуруҳи таблиғотии “Ҷавонон” ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон гузаронида шуд. Аксияи мазкур бахшида ба маъракаи сиёсӣ -интихоби вакилони арзанда, ки санаи 1 март баргузор мегардад, доир гардид.

изображение_viber_2020-02-13_17-19-38

ТАШВИҚОТИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Дар давраи пешазинтихоботӣ аъзоёни гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза ташвиқоти кӯча ба кӯча ва хона ба хонаро идома дода истодаанд.

Fotoram.io (15)

Нуктаҳои муҳими барномаи номзад

Дар ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Савр» №3, ки дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз воқеъ аст, вохӯриву мулоқоти сокинони ҳудуди ҳавза бо номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллӣ доир гардид.

1

Масъулиятшинос бояд буд!

Дар ҳавзаи интихоботии «Дуредгарон» №6 мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ,  номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят Дилафрӯз Саидӣ, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Қаҳҳорзода Меҳрдод  ва номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Заррина Маннонова доир гардид.

Fotoram.io (16)

МУАРРИФИИ НОМЗАДОН БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НАЗДИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар мактаб – интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд мулоқоти номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Сӯҳроб Самадов, худпешбарон Мубина Хоҷаева ва Шуҳрат Файзуллоев бо интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи «Пахтакор» №5  доир гардид.

444445

Сухан аз барномаи ҳизб

Мулоқоти навбатии  гурӯҳи тарғиботии  муштараки Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ ва номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  имрӯз дар ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо иштироки беш аз сесад нафар интихобкунандагон баргузор шуд.

13

Мулоқотҳо дар Косатарошу Чинор

 Шумо ба ҷонибдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он овоз дода, барои шукуфоии Ватанамон замина мегузоред. Мӯҳтавои суханронии аъзоёни гурӯҳи муштараки тарғиботии Кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ва номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шодизода Парвиз Шодибойро бо интихобкунандагон дар беморхонаи марказӣ, ҷамоатҳои деҳоти Косатарош ва Чинори шаҳри Панҷакент, ки имрӯз баргузор шуд, метавон ҳамин тавр унвон кард.

IMG-94fba49114dc8f1b2ea52cd1e181b87e-V

Ташвиқоти пешазинтихоботӣ

Мулоқоти  номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин аз ҳавзаи якмандатаи Конибодом №19 ва номзадҳо аз ҲХДТ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  бо интихобкунандагон идома ёфт.

12

Вохӯрии 300 нафар бо номзадҳо

Дар шаҳри Истаравшан дар ҷамоати деҳоти Ниҷонӣ бо иштироки наздик 300 нафар интихоботкунандагон вохӯрӣ бо номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлиси вакилони халқ ва муаррифии ҲХДТ баргузор гардид.

11

Аёдати собиқадорони ақибгоҳ

Ба пешвози интихоботҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аёдати собиқадорони ақибгоҳ, истиқоматкунандагони деҳаи Чорбоғ Азимова Баҳрӣ, Бобоев Амон, Ҳалимова Бибинисо, Мирсаидов Вайдулло, ки ба синни мубораки 90 расидаанд ва собиқадори ақибгоҳ Маманазаров Мирзоназар, ки 95-сола гаштааст, аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аёдат гардиданд. Раиси шӯрои собиқадорони шаҳр А. Қайюмов намояндагони ҲХДТ-ро ҳамроҳӣ намуд.

IMG_0799

Вохӯрии судманд

Дар толори кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон вохӯрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  бо фаъолони ҲХДТ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои  ибтидоӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” доир гардид.