Daily Archives: 14.02.2020

IMG-23fa1f9b6fca15111eb6b338bb77d600-V

Мулоқот ҷиҳати тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳайати Орипов Бахтиёр, Шарифов Шавкат, Турсунов Маъруфхуҷа ва Шарифзода Туйғун  ҷиҳати фаҳмонидани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Зафаробод баргузор гардид. Аз ҷониби аъзоёни гурӯҳ зикр гардид, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар интихобот ширкат варзида,  номзадҳои арзандаи худро пешбарӣ намудааст.

IMG-2182c378ecae2a974af1fcce01892854-V

Табибон нерӯи тавони тарғиботӣ мебошанд

Дар партави чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо кормандони муассисаҳои тандурӯстии ноҳияи Зафаробод вохӯрӣ баргузор гардид.

20200213_171301

Вохӯрӣ дар ноҳияи Спитамен

Бо  маорифчиёни  ноҳия , дар Қасри фарҳанги ҷ/д Куруш бо сокинон ҷ/д Куруш ва дар ташкилоти ибтидоии Варзишгар вохӯрӣ баргузор гардид, дар ин вохӯрӣ аъзоёни гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ кумитаҳои  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  ва ноҳияи Спитамен корманди шӯбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Шарифзода М.С,  дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Аъзамзод С, собиқадорони ҳизб Солиҷонов Н, Раҷабов Ҳ, Обиди Мансур, иштирок карданд.

20200211_143916 1

Аксияи хайриявӣ

КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон якҷоя бо номзад ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Ваҳдат” №10 Абдуқодирова Нодира  дар доираи маъракаи сиёсии интихобот амалҳои хайриявӣ, аёдати ниёзмандон ва собиқадорони ҳизбро  ба роҳ монд. Панҷ оила аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки  моддӣ дар шакли маводи хӯрокворӣ супорида шуд.

изображение_viber_2020-02-13_16-49-18

Масъулият дар такя ба Барнома

Сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Домулло Азизов” № 13, бо номзадҳои пешбаришуда ба вакилии Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллӣ мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд. Шахсони боэътимод ва худи номзадон, аз ҷумла номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Бобоҷон Ғафуров” № 14 Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ  аз дурнамои Барномаи пешазинтихоботии худ назди интихобкунандагон маърӯза намуданд.

изображение_viber_2020-02-13_10-07-35

Тарғибу ташвиқи Барномаҳои пешазинтихоботӣ

Дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти  Ҳ.Усмонов вохӯрӣ бо 300 нафар шаҳрвандон ва интихобкунандагон оид ба тарғибу ташвиқи Барномаҳои  пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор гардид.