Daily Archives: 17.02.2020

IMG-d22773bac51b1d6c1e712a1d62b7e928-V

Вохӯрӣ бо номзадҳо дар Қасри фарҳанги «Гулистон»

Дар қасри фарҳанги «Гулистон» бо сокинони  шаҳраки Меҳробод вохӯрии намояндагони КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардид. 

20200212_105902

Вохӯрӣ дар сехи дӯзандагии «Ҳусния»

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  дар сехи дӯзандагии Ҳусния-Б вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Давлатов М. — директори Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, Бобоева З. – дотсенти МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ва мудири шуъбаи кор бо занони КИН  ҲХДТ Рустамзода Қ. иштирок ва суханронӣ намуданд.

20200213_102020

Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз

Дар асоси нақшаи вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар тарабхонаи «Висол» бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ баргузор гардид.

2 (1)

ХИДМАТ КАРДАН БА ХАЛҚ ШАРАФИ БУЗУРГ АСТ

Дар ҳавзаи интихоботии «Сулҳ»№18 бо иштироки интихобкунандагони ҳудуди ҳавза  вохӯрии номзадон бо номзадҳои пешбаришуда ба Маҷлиси намояндагону маҷлисҳои маҳаллӣ ва шахсони боэътимоди онҳо доир гашт.

Fotoram.io (25)

ТАКЯ БА ЭЪТИМОДИ МАРДУМ

Гузашти рӯзҳо моро ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ наздиктар месозад. Ба ин муносибат намояндагони ҳар як ҳизби сиёсӣ бо овоздиҳандагон вохӯрӣ доир намуда, ҳизби худ ва барномаи панҷсолаи онро муаррифӣ менамоянд.

4

Тарғиботи пешазинтихоботӣ

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойҳои ҷамъиятии ҳудуди ноҳия Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, барномаҳои номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб, расмҳои номзадҳо, варақаҳои тарғиботӣ, буклету календарҳоро насб ва ба аҳолӣ дастрас намуда, даъват ба амал оварданд, ки ба ҷонибдории ҲХДТ овоз диҳанд.

444

Вохӯрӣ бо муҳоҷирон

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ   гурӯҳи корӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Русия сафарбар карда шуданд.      Аз ҷумла, Наимов М., мудири шуъбаи таҳлилӣ ва таблиғоти КИМ ХХДТ, Сабурзода М., вакили МНМО ҶТ, Анварзода А., раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шарифзода М., раиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар шаҳри Екатеринбург бо муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқот доир намуда, оиди маъракаи муҳими сиёсӣ, самтҳои асосии Барномаи ҲХДТ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз сӯҳбат оростанд.