Daily Archives: 19.02.2020

Fotoram.io (28)

Хуҷанд: Номзадон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва парлумони касбӣ муаррифӣ гардиданд

Дар участкаи интихоботии №53, воқеъ дар муассисаи давлатии таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар доираи мулоқот ва муаррифии номзадон ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохӯрии судманди интихобкунандагон бо номзадон ба вакилони халқӣ баргузор гардид.

Fotoram.io (27)

МУШКИЛИҲО ДАВРА БА ДАВРА ҲАЛ ХОҲАНД ШУД

Субҳи имрӯз дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии «Сари баланд» №20  ва номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мулоқот доир шуд.

IMG-80db7e28c0de3869808a0a49882e001e-V

Шарҳи барномаи пешазинтихоботӣ

Имрӯз  дар деҳаҳои Зимтут ва Рукнободи шаҳри Панҷакент вохӯрии номзади  ҲХДТ ба МН МО ҶТ  бо  интихобкунандагон  доир гардид, ки дар он раиси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Абдуғанӣ Қобилзода ва дигар фаъолон ширкат варзиданд. 

262B9380

Хизмат ба Ватан шарафу мардонагист!

Санаи 19.02.2020 тибқи нақша-чораҷӯии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони ”Хизмат ба Ватан шарафу мардонагист!”, баргузор гардид.  Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур мусоидат дар тарғибу ташвиқот байни ҷавонон бобати баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонписарон ва ба сафи хизмати Ватан-Модар даъват намудани  онҳо буд.

IMG-1744373b9c62a84d2a032df35737ae98-V

Вохӯрӣ дар Логин

Бо мақсади  тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва номзадҳои он дар деҳаи Логини Ҷамоати шаҳраки Зафаробод  бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар мулоқот устоди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Рустам Юлдошев, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Туйғун, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳия Фирдавс Боймуродов иштирок намуданд.

изображение_viber_2020-02-18_15-39-51

Шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии номзад

Боз як вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ  аз ҳавзаи якмандатии “Бобоҷон Ғафуров” № 14  дар маҳаллаи “Чинор”-и Ҷамоати деҳоти Хистеварз  ва маҳаллаи “Овчи”-и ҷамоати деҳоти Овчиқалъча баргузор гардид.

капсула

Гузоштани санги асос ба бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон

Имрӯз шодиву нишоти кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳадду канор надошт. Зеро барои гузоштани санги асос ба бинои маъмурии кумиҷроияи ҳизби шаҳр Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ташриф оварданд.