Daily Archives: 21.02.2020

IMG_8367

КИВ ҲХДТ: чорабинии фарҳангӣ ба пешвози интихоботӣ

Дар таҷрибаи давлатҳои пешрафта ҳизбҳое, ки дар ҷомеа обрӯ ва нуфузи зиёд доранд, дар остонаи маъракаи пешазинтихоботӣ бо ҷалби афзуни аҳолӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангию сиёсӣ баргузор менамоянд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ дар арафаи баргузории интихобот чандин чорабиниҳои фарҳангиву сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳандозӣ намуд.

20200220_142722

Таблиғоти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ

Таърихи 21.02.2020 сол дар толори бинои фарҳангии деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон  як гурӯҳ тарғиботчиён аз виоляти Суғд бо таблиғоти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 — 2025  ташриф оварда бо интихобкунандагон  мулоқот баргузор намуданд.  Роҳбари гуруҳи таблиғоти мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирмуллоев Назирҷон, мудири шуъбаи тиҷорати №23 Бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Шодиев Ҷаъфарҷон, дотсенти МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Махкамова Бароат  ва Раиси КИ ҲХДТ дар н.Шаҳристон Қодирӣ Р.

SAM_1051

Тарғибгарони Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ

Дар асоси  ҷадвали баргузории вохӯриҳо ва мулоқотҳои пешазинтихоботӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи вилояти Суғд бо роҳбарии   Мирмуллоев Назирҷон, мутахассиси шуъбаи иттилоот ва таҳлили КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Шодиев Ҷафъар мудири шуъбаи тиҷорати  бахши №23 бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд,

IMG_20200219_104320

Мулоқоти номзадон дар деҳаи Ваҳдат

Дар бинои МТМУ №5-и деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон бо иштироки 200 нафар интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  аз ҳавзаи интихоботии «Ободӣ-2», №16 вохӯрӣ гузаронида шуд. Аз тарафи шахсони боэтимод барномаи пешазинтихоботӣ ва ҳолномаи номзад муаррифӣ карда шуд.

IMG_20200219_101604

ҲХДТ ва номзадҳои арзандаро ҷонибдоранд

Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, дар асоси нақшаи корӣ,  дар  толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №12 деҳаи Ҳисори ноҳияи Шаҳристон бо иштироки 150 нафар интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ аъзои ситод интихобкунандагонро бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ шинос намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо ҷонибдорӣ аз ҲХДТ дар маъракаи интихоботӣ фаъолона ширкат варзанд ва ба ҲХДТ ва  номзадҳои арзанда овоз диҳанд.

20200219_141415

Вохурии аъзои ситод бо интихобкунандагон

Дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  дар дар толори Беморхонаи марказии ноҳия аз ҷониби Ситоди пешазинтихоботи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо иштироки 100 нафар интихобкунандагон, аз ҷумла, табибон вохӯрӣ баргузор  карда шуд. Дар вохӯрӣ  ба интихобкунандагон барномаҳои номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии  “Шаҳристон” №70 Ҷалилзода А. ва Каримова М. муаррифӣ карда шуд.

20200217_143107

Шахсони арзанда ба сафи ҳизб қабул гардиданд

Кормандони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро барои ҷалби аъзои нав ба сафи ҲХДТ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

IMG_20200217_153744

Қабули аъзои нав ба сафи ҳизб

Дар МТМУ №17-и ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он мудири шуъбаи омори КИН ҲХДТ Алимова Наргиза ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия Набиев Шерзод иштирок намуданд. Дар вохӯрии мазкур баромадкунандагон дар бораи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

IMG_20200219_134542

Хониши сиёсӣ: “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!”

Бо иштироки мутахассис оид ба таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Исмоилова Матлуба  ва коргузори кумиҷроияи мазкур Исматова Д. дар Гимназияи №1 хониши сиёсӣ дар мавзӯи ҲХДТ: “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ омӯзгорони Гимназия ва таҷрибаомӯзони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуљанд ба номи академик Б. Ғафуров” иштирок ва суханронӣ намуданд.

IMG_20200218_104640

Чор мулоқот дар Саразм

Дар  деҳаҳои Чимқалъа, Кӯҳдоман, Шӯрнова ва шаҳраки Саразми Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент вохӯриҳои  интихобкунандагон бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии  Панҷакент Шодизода Парвиз Шодибой, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони вилояти Суғд Қурбонмурод Усмонов ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони шаҳр, ки аз ҷониби конфронси ташкилоти шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент пешбарӣ шудаанд, баргузор гардид.

IMG_20200219_103809

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН

Имрӯз таҳти сарварии корманди масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода дар коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ ва литсейи касбӣ-техникии шаҳри Панҷакент вохӯриҳои муфиде бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии “Панҷакент”, №21 Шодизода Парвиз Шодибой баргузор гардид.

IMG-454367c56b3a21f2174222c09db25819-V

Тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ

Мулоқотҳои  номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин аз ҳавзаи якмандатаи Конибодом №19, номзадҳо аз ҲХДТ ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  бо сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом идома ёфт.

IMG-379e00d63c0c4aaa28b7c9a90c3f7e20-V

Муаррифии номзадҳо дар шаҳраки Чорухдаррон

Дар толори комбинати фулузоти нодири Ленинободи шаҳраки Чорухдаррон тибқи нақшаи комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии “Мастчоҳ” № 18 мулоқоти номзадҳо ба вакили  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.  Дар мулоқот номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Азиззода Ғайрат Муллоаҳмад ва Оқилзода Ғайрат Аҳмад, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, раиси комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии “Мастчоҳ” № 18 Абдураҳмон Сафаров, шахсони боэътимод  Улмас Эркаев  ва Илҳом Мадализода, раиси ҷамоат Бердиева Наргиза, инчунин, зиёда аз 230 нафар интихобкунандагони шаҳраки Чорухдаррон  иштирок доштанд.

smart

Мулоқот бо интихобкунандагон дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод

 Бо мақсади муаррифӣ намудани Барномаи пешазинтихоботӣ ва муаррифии номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод мулоқот баргузор гардид.

smart

Мулоқот бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ

Дар Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ мулокоти интихобкунандагон  бо номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар мулоқот номзадҳо  ба вакили Маҷлиси Олии мамлакат   аз ҳавзаи интихоботии “Спитамен-№25” аз ҷониби шахсони боэтимод муаррифӣ гардида, барномаи пешазинтихоботии онҳо аз ҷониби номзадҳо манзури ҳозирин гардонида шуд.