Daily Archives: 24.02.2020

Fotoram.io (37)

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 3501

27 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкилӣ доир гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрӣ роҳандозӣ шуда, дар расми ифтитоҳи чорабинии идона сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят генерал Навҷувонов  Абдулло Шамс ҳамаи афсарону аскаронро бо ин ҷашни умумимиллӣ табрик намуд.

20200220_172554

Сӯҳбати рӯ ба рӯ

Дар асоси дастуру супоришҳои муовини  якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, ки чунин таъкид намуда буданд:  “баргузор намудани аксияҳо, мулоқотҳои  “кӯча ба кӯча”  суҳбатҳои “рӯ ба рӯ” бояд аз усулҳои таъсирбахши номзадҳо ва гурӯҳҳои таблиғотии мо бошанд” дар ин ҷода Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аксияи  “ Сӯҳбати рӯ ба рӯ”-ро бо сокинони маҳаллаи Шаҳристони боло баргузор намуд.

IMG_20200224_102839

Узви ҲХДТ будан бароямон шараф аст!

Чунин ибрози ақида намуданд , мураббиёни чанде аз муассисаҳои томактабии шаҳри Конибодом зимни мулоқот.Намояндагони кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии № 4 ва № 12 бо мақсади тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ, муаррифии барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он сӯҳбат оростанд.

IMG_20200222_092309

Хизмат ба Ватан вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон аст

Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва  омода намудани онҳо  барои хизмат ба Ватан бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва омӯзгор Ҳаким Ҳоҷибоев маҳфили “Ватанпарвар” дар толори  варзишии ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” байни муҳассилин ташкил ва баргузор карда шуд.

изображение_viber_2019-10-31_14-40-38

Барномаи ҲХДТ — рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол

 Дар ҳавзаи интихоботии “Қалъача” № 35 воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 – ҷамоати Овчиқалъача бо иштироки зиёда аҳ 40 нафар интихобкунандагон ва дар ҳавзаи интихоботии “Д.Холматов” № 36 воқеъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №16-и ҷамоати Д.Холматов бо ҷалби зиёда аз 60 нафар интихобкунандагон мулоқот доир гардид.

Fotoram.io (36)

ФУТБОЛ МАҲБУБИ ХОССУ ОМ

Намуди варзишии футбол миллионҳо мухлисонро ба ҳам овардааст. Дар ақсои олам футбол чун намуди варзишии рақами як маҳсуб шуда, он рамзи дӯстиву баҳамоии халқиятҳи маскуни ҷаҳон гардидааст. Дар кишвари мо низ ба рушди футбол аҳамияти хосса дода мешавад. Баргузории даҳҳо мусобиқаҳо бозгӯи маҳбубияти хоссаро пайдо кардани футбол мебошад.

Fotoram.io (35)

Фароҳам овардани зиндагии шоиста мақсади ҲХДТ

Дар маҷлисгоҳи  Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд бо иштироки интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи интихоботии “Хуросон”, №29 вохӯрии номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир гардид.

01

ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ХЕШРО ИНТИХОБ МЕКУНАНД

Пешорӯйи маъракаи интихобот дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот» номзадҳои пешбаришаванда аз ҳизбҳои сиёсӣ Барномаи  пешазинтихоботии ҳизб ва худро назди интихобкунандагон  муаррифӣ мекунанд.

20200222_085634

Аёдати ниёзмандон дар рӯзи ид

Яке аз ҳадафҳои  асосии  Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Дар арафаи таҷлил аз Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода дар якҷоягӣ бо фаъолони ҳизб ба аёдати 4 оилаҳои маъюб ва  камбизоат рафта, ба онҳо маводҳои ғизоӣ тақдим намуданд.

Безымянный

Бисту панҷ сол бо ҲХДТ

Дар бинои МТМУ №2-и шаҳри Истаравшан вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии №31 ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан аз ҳавзаҳои интихоботии №1,2,3,4,5,12 ва13 барпо гардид.

изображение_viber_2020-02-24_08-20-30

Хизмат ба Ватан шараф аст!

Дирӯз бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Сангин Ҳоҷӣ”  бахшида ба 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.