Daily Archives: 26.02.2020

IMG-24e3157814f43cc72028c07df47449bc-V

Аёдати собиқадорони ҲХДТ

Аёдату дидорбинии собиқадорони ҲХДТ,  арсаи меҳнат  дар меҳвари фаъолияти ҳизбиён қарор дорад.Исмоил Раҳматуллоев яке аз нафароне, мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии  ҲХДТ аъзои фаъоли он ба ҳисоб рафта, дар рушди фаъолияти кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ саҳми арзанда доранд. Номбурда дар тарбияи ҷавонон, беҳдошти сиҳатии сокинон тарғиби ғояҳои ватансози Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъол мебошанд.

IMG-dd78cb3ee690f71e3c045f2c07beb696-V

Аввалин интихобкунандагон ба сафи ҲХДТ аъзо мешаванд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод аз ҷониби   Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода  ба як гурӯҳ ҷавононе, ки барои аъзо шудан ба ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ҷавонон аз зумраи нафарон, мебошанд, ки дар интихоботи навбатӣ аввалин бор ширкат меварзанд.

1 (2)

Идомаи корҳои ташвиқотӣ дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва номзадҳои он гурӯҳи ташвиқотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби занон дар ҳамдастӣ бо шахсони боэътимоди номзадҳои пешниҳоднамудаи ҳизб дар ҳудуди маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.

20200225_115917

Мулоқот ва аёдат аз ҷониби ашхоси саховатпеша

Номзад ба вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз ҳавзаи интихоботии Некнот, № 27   мудири шӯъбаи раддодии беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Ҷасоратхон Ансорӣ, ки бори дуввум конфронси ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент аз ин ҳавза номзад пешбарӣ намудааст, мулоқотҳояшро бо интихобкунандагон аз аёдати беморон ва мӯйсафедони деҳаи  Зери Ҳисор оғоз намуд.

IMG_20200226_111437

Сухан аз обу ободонӣ

Дар мулоқоти номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Саразм, 29, сардори идораи обёрӣ ва беҳдошти замин дар ҳавзаи дарёи Зарафшон Усмонов Қурбонмурод бо интихобкунандагон дар деҳаи Соҳибназари ҷамоати деҳоти  Саразми шаҳри Панҷакент сокинон масъалаҳои беҳдошти ҳолати обёрии заминҳо, бунёди маркази тиббӣ ва таъминот бо оби нӯшокиро гузоштанд.

88004850_249083509417044_8047063584917684224_o

Идомаи вохӯриҳо

Имрӯз дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ва Сехи дӯзандагии КВД “Нури Ховар”-и шаҳри Истиқлол бо сокинон-кормандони ин корхонаву муассисаҳо вохӯрии гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

DSCF9689

Конфронс: “Нақши интихобот дар рушди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол

Дирӯз тибқи нақша-чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ дар маҷлисгоҳи Кумиҷроияи вилоятӣ конфронси илмӣ-назариявии вилоятӣ таҳти унвони “Нақши интихобот дар рушди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид.

Fotoram.io

Бонувонии ҳизбӣ дар меҳмонии “Назаре ба оина”

Дар хонадони тоҷикон занон ҳамеша нақши асосӣ доштанд ва доранд. Зеро иффату покдоманӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси занон буда, ба зиндагии мардон ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшанд. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то ба имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии занон аҳамият дода, кӯшидаанд, ки онҳо дар ҷомеа пешсаф бошанд.

IMG_20200114_101748

Баромадҳои ҳизбҳои сиёсӣ

 Дар маҷлисгоҳи  МИМҲД-и ноҳияи Шаҳристон бо иштироки беш аз 200 нафар интихобкунандагон вохӯри оид тарғибу таблиғи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Сухани ифтитоҳиро муовини раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии “Истаравшан”, №23  Абдураҳмонзода Афзуналӣ оғоз намуд.

20200220_141812

Вохӯрӣ дар деҳаи Себзор

Тибқи нақшаи кории ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо роҳбарии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рустам Қодирӣ дар  толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №4-и  деҳаи Себзор бо иштироки 120 нафар интихобкунандагон вохурӣ доир намуд.

87413017_2283560535279100_1863754028207308800_o

Мулоқот дар ҳавзаи интихоботии “Масҷиди сурх” №5

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Хуҷанд дар доираи нақша – чорабиниҳо оид ба мулоқоти номзадон бо интихобкунандагон вохӯрии навбатии интихобкунандагони ҳудуди ҳавзаи Масҷиди сурх №5 доир гардид.

87394744_1366229876912881_2996102837034811392_o

Иқдоми неку наҷиб

Дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо сарварии раиси Кумитаи иҷроия ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия сӯҳбати озод ва рӯ ба рӯ доир намуданд.

87645705_196660064760015_1943669071639740416_o

Вохӯрии номзад бо интихобкунандагон дар деҳаи Чорбоғ

Имрӯз сокинони деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент дар саҳни МТМУ №5 бо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии “Панҷакент”, № 21 Шодизода Парвиз Шодибой мулоқот оростанд.

IMG_2000

Ҳамоиши ҳизбӣ

Бо дастуру супориши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” дар саҳни Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент ҳамоиши ҳизбӣ ба пешвози интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор шуд.

88155561_202153497695346_3482907620208017408_o

Вохӯрӣ бо интихобкунандагони аввалин

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо ҷавононе, ки бори аввал дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи дарпешистода ширкат меварзанд, мулоқот оростанд.