Monthly Archives: Апрель 2020

Маҷлиси ташкилоти ибтидоии “КДФ ХМК”
Имруз кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Ғоибов С.Ф. ва Каримова Ш.Ҳ, бо мақсади интихоб ва таъин кардани раиси ташкилоти ибтидои “КДФ ХМК ” Ҳаитбоев Раҳмонқул маҷлиси ташкилоти ибтидоро баргузор намуданд.

Аз фавти ҳамватанон наҳзат рақс мекунад!
Имрӯзҳо Кабирии хоин – саркардаи фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо «хоҷагони хориҷӣ» боз ба ҳилаву найранг даромада худро ҳамчун сиёсатмадори «адолатхоҳ», «инсонпарвар» ва «демократ» нишон дода тавассути сомонаҳои ифротиаш мардумро ба қиёми миллӣ даъват намуда истодааст.

Ҳар пора замин қимати тилло дорад
Ҳамин маънӣ дар мулоқоту сӯҳбатҳои хона ба хонаи гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо роҳбарии раиси Кумиҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Мурод Шукурзода бо сокинони деҳаҳои Дашти Қозӣ ва Рукнобод борҳо таъкид шуд.

Баҳри солимии мардум
Тибқи дастури КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии навъи коронавирус, истифодаи самараноки замин ва расонидани ёрии равонӣ бо истифода аз гурӯҳҳои тарғиботӣ ва валантиёрон корҳои фаҳмондадиҳиро дар ҷамоати деҳоти Гули Сурх, кумитаи маҳаллаи “Боғот” ва бозори марказӣ гузарониданд.

Пилла Ашёи хоми саноатист
Холаи Ниёзбибӣ Рӯзиева сокини деҳаи Бахти Ҷамоати деҳоти Равшан 80 – сола буда, 45 сол инҷониб пиллапарварӣ мекунанд. Меҳнати пурмаҳсул метавонад инсонро сарбаланд, дастурхонашро ғанӣ ва файзи рӯзгорро биёрад.

Мулоқот бо сокинон
Намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ собиқадори ҳизб Ҷӯраева М. якҷоя бо кормандони ҷамоати деҳоти Хистеварз бо сокинони якчанд маҳаллаҳои ҷамоат, оиди кишти заминҳои наздиҳавлигӣ, иншоотҳои бунёдшаванда, нарху навои бозор ва дигар табақаҳо мулоқоту сӯҳбатҳо доир намуданд.

Мо бо Шумоем!
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсиву ҷамъиятии бузургу тавонои мардумии кишвар бо ҳадафҳои неку созанда ва инсонпарваронаи хеш эътимоду боравии халқро сазовор аст. Ин эътиқоду боварӣ мо ҳизбиёнро водор месозад, ки дар ҳама маврид ҳампаҳлӯи ҷонибдорону ҳамсафони хеш бошем.

Аксияи ҳизбӣ: бо халқ ва барои халқ
Ин навбат аксияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент зери унвони «Бо халқ ва барои халқ» дар назди бозори марказии шаҳр, беморхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волонтёрон
Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи иҷроиши барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд №40 аз санаи 27 апрели соли 2020 бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии навъи коронавирус, истифодаи самараноки замин ва расонидани ёрии равонӣ чораҳои заруриро андешида истодааст.

Гурӯҳҳои корӣ дар деҳоти Куруш
Бо сокинони деҳаҳои Хавотог, Меҳнатобод ва Куруши ҷамоати деҳоти Куруш тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳои гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Спитамен бо сарварии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ — Ойбек Насруллозода вохӯрӣ бо иштироки зиёда аз 150 нафар аҳли ҷамоат баргузор намуданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории сироятии коронавирус ба ташвиш овардааст. Масъулони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар кӯчаю маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро байни мардум идома дода истодаан.

Солимии ҷомеа — гарави саломатист
Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеа ва ҳамзамон пешгирӣ аз бемории сироятии коронивируси навъи СОVID -19 намояндагони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Зоҳидов А.-роҳбари дастгоҳ, Солиева М.-мудири бахши таблиғот,иттилоот ва кор бо занон, Акбарзода М.-мудири бахши кор бо ҷавонон, Азимова О.- мутахассиси таблиғот,иттилоот ва кор бо занон бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Зарзамин ва Д.Холматов мулоқот доир намуданд.

Истифодаи самаранокии замин аз ҷониби маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фавриву ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар оид ба пешгирии сокинон аз бемории сироятии КОВИД-19 ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани 3-4 ҳосил Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ аз хонаи сокинони шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Хизмат ба Ватан шараф аст!
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дода истодаанд.