Daily Archives: 09.05.2020

49873029231_4cbfd234b1_k

Имрӯз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 75-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд

7

Номи неки падарон дар қалби мост!

Имрӯз  бахшида ба ҷашни 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳайати роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ба хотири арҷгузорӣ дар пойи Муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании маркази вилоят, мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд гулчанбар гузошта, ёди неки падарони қаҳрамонро ба ҷо оварданд.

сомонаа

ТАБРИКИ раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат,

Ҳамсафони гиромӣ,
Ҳузури мубораки ҷашни ғалабаи бузург, ки таҷассумгари олии пирўзии адолат бар адоват маҳсуб ёфта, аз тантанаи он рўзи таърихӣ имсол 75 сол сипарӣ мешавад, ба тамоми фарзандони диловари Ватан ва кулли мардуми шарифи вилоят, аз ҷумла ҳамсафону ҷонибдорони гиромии мо самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, офияти ҳамешагӣ, барору комгорӣ, нишоту нусратёрӣ ва хушиҳои умрро таманно дорам.