Daily Archives: 14.05.2020

All-focus

Худ ва дигаронро ҳифз намо

Аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро ҳифз намо” дар қаламрави ноҳия идома ёфта истодааст. Имрӯз кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо мақсади бурдани корҳои таблиғотӣ ва тақсим намудани ниқобҳои махсуси тиббӣ ба деҳаи Бакрободи ноҳия ташриф оварда, бо мардуми ин деҳа суҳбати рӯ ба рӯ гузарониданд ва оиди бемории сироятии COVID-19 маълумот дода, ба ҳар яки онҳо ниқобҳои махсуси тиббии зидди беморӣ тақсим гардид.

unnamed (1)

Эҳсони соҳибкор

Имрӯзҳо бо ташаббуси Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша дар корҳои хайру саховат барои дастгирии оилаҳои камбизоат, кормандон ва оилаҳои табибон, шахсони барҷомонда ва ятимони кул чораандишӣ гардида истодааст.

20200513_094441

Кӯмаки волонтёрон баҳри пешгирии бемории «COVID-19″

Санаи 13 майи соли 2020 аъзоёни гурӯҳи волонтёрони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон №22 аз 8 майи соли 2020 корҳои фаҳмондадиҳиро  оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус «COVID-19″ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой идома доданд.

изображение_viber_2020-05-13_15-13-26

Мо ҳамҷоя бар зидди бемории GOWID-19 ғолибият ба даст меорем

Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии “КОВИД -19” идома дода, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез тез шустани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, безарурат набаромадан аз ҷойи зистро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо тавсия доданд, ки ба нофаҳмию таҳлуқа роҳ надиҳанд.

20200513_093955

Вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ

Корҳои тарғиботӣ барои риоя намудан ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифода бурдан аз ниқобҳо ва дастпӯшакҳо, худдорӣ намудан аз ҷойҳои ҷамъиятӣ баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус дар ноҳияи Спитамен идома дорад.