Daily Archives: 15.05.2020

Тарс тавлидкунандаи беморист

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти №22 аз 8 майи соли 2020  кормандон барои корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди пешгирии бемории сироятии “Коронавирус”,  барои тақсим намудани варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои махсуси тиббӣ ба деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Шаҳристон сафарбар карда шуданд.

20200513_162635

Аёдат бахшида ба моҳи Рамазон

Бо ташабусси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо роҳбарии раиси кумитаи иҷроия Ойбек Насруллозода  ва бо дастгирии фаъолон ва соҳибкорон  10 оилаҳои яккаву танҳо ва камбизоатро бо маводҳои хӯрока аёдат карда шуданд.

бустон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр мешаванд

Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии “COVID-19” дар маҳаллаи Дӯстии шаҳр идома дода, оиди риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус, риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, бе зарурият  набаромадан аз ҷойи зистро ба шаҳрвандон фаҳмонида, ба онҳо тавсия доданд, ки ба нофаҳмию воҳима роҳ надиҳанд.