Daily Archives: 20.05.2020

хизб

Дастгирӣ бахшида ба Иди саиди фитр

Дастгирӣ,  кӯмак  ва аёдати ниёзмандону маъюбон, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад имрӯз аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Сатториён М.А.  бахшида ба Иди саиди фитр барои аёдати 30 нафар  маъюбону оилаҳои ниёзманди Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, макарон, шакар, биринҷ, гречка дастрас карда шуд.

All-focus

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ

         Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон гуруҳи таблиғоти деҳаи Ваҳдат  ноҳияи Шаҳристон гардиши хона ба хона баргузор гардид.

хуч

ВАСИЛАИ ХУБИ РАВОБИТИ МАРДУМ БО МИҲД-И ВИЛОЯТ

Бо мақсади саривақт дастрасӣ доштани аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, расонидани иттилооти воқеӣ ба сокинон чандест, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иқдоми Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода Маркази тамоси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои COVID -19 таъсис ёфтааст.

кон

Ҳамеша бо халқ!

ҲХДТ ҳамчун ҳизби бонуфузи мардумӣ дар ҳама ҳолат дастгири халқ аст. Имрӯзҳо ки хатари паҳншавии бемории сироятии коронавирус мардуми ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст ба Тоҷикистони азизи мо низ бе таъсир нест.

заф

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Зафаробод

Мудири шуъбаи кор бо занон ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Заррина Зулфиқорзода ва волонтёрон ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19, риояи гигиенаи шахсӣ ва  инчунин самаранок истифода бурдани заминҳои назди ҳавлигӣ, кишти саривақтии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пунбода ва картошка бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монд.

11

Амали хайр бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

      Амалӣ сохтани барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба иҷрои Ҳадафҳои рушди ҳазорсола яке аз бахшҳои таркибии сиёсати иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фарогир буда, масъалаи мазкур дар сархати ҳизб қарор дорад.

ашт

Идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ

Идомаи корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус  “COVID-19 ” аз ҷумла, тақсимоти ниқобҳои муҳофизати ва муроҷиатномаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ба сокинони ноҳия баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус «COVID-19″ бо усули кӯча ба кӯча.

Vazorati-farhang-2

ДАСТ БА ДАСТИ ҲАМ ДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба мардуми мамлакат дар робита ба пешгирӣ аз коронавируси COVID–19

Имрӯз моро мебояд ба ҳар гуна овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавируси намуди нави COVID–19 бовар накарда, ба тарсу воҳима дода нашавем, зеро  воҳима ва таҳлукаю изтироб пайомадҳои манфии рӯҳию равонӣ дошта, сабаби авҷ гирифтани бемориҳои дигар мегарданд.

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ АЗ ВАБОИ АСР НИЗ ҲАНГОМА МЕҶӮЯНД

(Дар ҳошияи мақолаи А.Раҳимзода, С.Зиёев ва Ф.Мирзоёров бо номи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус”)

Ҳар шахси соҳибхирад ва ватандӯсту хештаншинос, ки дар чунин вазъияти барои ҷаҳониён душвор, хатари паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус ва муборизаи шабонарӯзии мақомоти масъул бо ин вабои аср мақолаи А.Раҳимзода, С.Зиёев ва Ф.Мирзоёров бо номи “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” –ро мутолиа менамояд, бори дигар аз беинсофии хоинони далла, чоплус, ҳангоматалаб, ватангадо, ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷагони хориҷӣ — Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон ба тааҷҷуб омада, розе аз қалби худро ба рӯи қоғаз меорад.

Pochozoda

COVID-19: Фақат эҳтиёту иттиҳод ва муборизаи дастаҷамъона хатари онро кам мекунад

Имрӯзҳо диққати тамоми мардуми ҷаҳон ба як мавзӯъ-сирояти бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он равона гардидааст. Зеро он имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, миллионҳо нафар гирифтор ва ҳазорон нафар бар асари он фавтидаанд. Ин беморӣ ҳоло дар Тоҷикистон низ ба саломатии мардум таҳдид менамояд.

ДӮСТ ОН БОШАД, КИ ГИРАД ДАСТИ ДӮСТ

Имрӯзҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории сироятии COVID-19, ки тамоми давлатҳои дунёро ба ташвиш гузоштааст, ворид гардида, шумораи сироятёфтагон рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодааст. Ҳукумати кишвар ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср ва муолиҷаи беморон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.