Monthly Archives: Июнь 2020

ҶАВОНОН БОЯД МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ФАРЗАНДӢ ВА ДОНИШУ ҶАҲОНБИНИИ МУОСИР ДОШТА БОШАНД!
Фарҷоми соли 2019 ҷаҳони муосирро дар баробари таҳдидҳои азими терроризму ифротгароӣ ҳамчунин хуруҷи бемории корнавирус COVID – 19 ба ташвиш овард. Ин бемории марговар ба сураъате дар миқёси ҷаҳон паҳн гардид, ки давлатҳои абарқудрат низ дар ҳоли ҳозир дар мубориза ба он оҷизӣ мекашанд.

ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ
Ҳамдиёрони азиз!
23-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд самимона муборакбод мегўем.

Ба «COVID-19″ якҷоя мубориза барем
Имрӯзҳо тамоми ҷаҳон дар як вазъияти мушкил қарор дорад. Зеро бемории сироятии коронавирус ошкор шуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талафоти моддию маънавӣ ва ҷониро расонида истодааст. Ин ҳолати ногувор кишварамон Тоҷикистонро низ фаро гирифта, бештар вазъияти иқтисодию иҷтимоиро танг гардонд.

Терроризм ин — хатар ба инсоният ва ҷомеаи ҷаҳон аст.
Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯровари ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу харос ва хатар дар ҷомеа мебошад.
Деҳ куҷову дарахтон куҷо
Баҳманёр – нависандаи номвари тоҷик, дар силсилаҳикоёти “Сармаддеҳ” образеро ба риштаи тасвир кашидааст бо номи Холдори чилдурӯғ. Ба гуфти мардум аз тоифае аст, ки агар дурӯғ наёбад, ноилоҷ рост мегӯяд. Ба ҳамин монанд нафареро медонам, ки шикорро дӯст медошт ва баъди ҳар бозгашт қиссаи наверо дар атрофу акноф паҳн мекард. Боре дар маъракае бо кафки даҳон аз дидани море, ки даҳ метр дарозӣ дошт, қисса кард. – Наход?- Андак кам кунед,-хоҳиш карданд ҳамсӯҳбатон.

Ҳама якҷоя аз коронавирус раҳои меёбем
Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли бемории сироятии коронавирус СOVID-19 дар роҳравҳо, истгоҳ, мағозаву бозор, коршонаи ҳусн ва хонаҳои истиқоматӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҳамҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан”, шӯъбаи кор бо занон ва оила, шӯъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи МИҲД-и ноҳия бо сокинон ва меҳмононӣ ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар як ҷоягӣ бар зидди ин беморӣ ғолиб мебароем
Санаи 25-уми июн дар асоси дастуру супоришҳои раиси ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Короновирус, раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва МИҲД-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии рақами 1 дар шаҳри Исфара ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Короновирус дар бозори марказии шаҳр бо сокинон сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Табрикоти ҷашнӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод бахшида ба 23-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ силсилаи чорабиниҳоро баргузор менамояд.

”Беэътиборӣ нашояд!»
Кӯчаву бозорҳо аз ҷойҳои серодам ба шумор рафта, имрузҳо гаштугузори шумораи зиеди сокинон ба назар мерасад. Субҳи 25.06.2020 аз ҷониби гуруҳи корӣ , масъулони ТҶҶ » Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкорӣ бо маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»-и ҷамоати деҳоти Пӯлодон ҷиҳати вусъат бахшидан оиди пешгирии бемории сироятии короновирус ва баҳри хурӯҷ накардани ин беморӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монданд.

Рӯ ба масъалаҳои иҷтимоӣ
Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар коргоҳи истеҳсоли нефту гази ҶДММ Петролеум Суғд ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба доранд.

Вақти хотирҷамъию бепарвоӣ нест
Кормандони корхонаи муштараки “Зарафшон”, сокинони шаҳраки Суғдиён, деҳаҳои Ҷомчашма, Косатарошу Филмандари ҷамоати деҳоти Косатарош ин рӯз ҳамсӯҳбати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент буданд.
ФАРҲАНГИ ТОЗАГӢ ВА ЭҲТИРОМИ ЯКДИГАРРО РИОЯ КУНЕМ
Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон худро ба кӯчаву марказҳои савдо задаанд. Махсусан анбӯҳи зиёди сокинонро дар бозори марказии “Панҷшанбе” мушоҳида кардан мумкин аст.