Daily Archives: 15.06.2020

гул

Ҳосил фаровон мешавад

Субҳи имрӯз Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён  баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи босамари ҳар порчаи замин бо шаҳрвандон мулоқот анҷом намуд.

Эй бани одам хирад ку…?

Инсон дар ҳама давру замон бо ақлу заковат, раҳму шафқат, донишу хирадаш аз тамоми махлуқот бартарӣ дошт. Маҳз ҳамин дурандешиву тадбирписандӣ, хирадмандиву накӯкорӣ аст, ки мавқеи инсонро боло мегузорад. Мутаассифона, бархе бехабар аз ҳамин рисолати хеш даст ба ваҳшонияту даҳшатафканӣ мезананд.

пан

Мулоқот дар Фароб

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ Мурод Шукурзода якҷо бо гурӯҳи тарғиботчиёни Кумиҷроия аз Ҷамоати деҳоти Фароб, ки аз гӯшаҳои дурдасттарин деҳоти Панҷакент маҳсуб мешавад ва аз маркази шаҳр дар масофаи беш аз ҳаштод километр ҷойгир шудааст, боздид намуд.

чорр

Шаҳраки Чоруқдаррон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳамҷоя  бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон ва фаъолони ҳизб оид ба пешгирии бемории сироятии коронавис  ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшиданд. 

кон

Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Нест бод, COVID 19!“

Баҳри тақвияти қоидаҳои беҳдоштӣ масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус  бо ҷалби волонтёрон, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар кучаҳои марказӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ,сехҳои дӯзандагӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, Муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим карда шуд.

Бадбинон кур шаванд

Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ як зумра нафарон ва гурӯҳҳои ватану миллатфурӯш мисли «занбӯруғҳои беору заҳрогин» пас аз борон «сар боло» карда, дар чунин шароиту вазъияти имрӯзае, ки сарҷамъиву ҳамдилии ҳар як тоҷику тоҷикистониро беш аз пеш талаб мекунад, садои гӯшхарошу забони «сурх» бароварда, чун ҳамешагӣ манфиатҳои ғаразноку нопокашонро «рӯи кор» овардаанд.

гулл

Меҳнат кунӣ — роҳат бинӣ

Мулоқоти навбатии гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки замин дар майдончаҳои назди ҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони шаҳрвандон бо сокинон дар маҳаллаҳо бо усули “кӯча ба кӯча” идома дода шуд.