Monthly Archives: Июль 2020

Аёдати идона

Аёдат ба муносибати Иди саиди Қурбон
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи рӯзҳои Иду ҷашнҳо аёдати шахсони яккаву танҳо, маъюбон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Хониши сиёсӣ вусъатдиҳандаи маърифатӣ сиёсӣ
Санаи 29 июли соли 2020 бо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутриба, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустамзода Қумринисо ва мутахассис оид ба таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Исмоилова Матлуба бо омӯзгорони МТМУ №16 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “5500 солагии Саразми бостон исботи қадима будани миллати тоҷик” баргузор гардид.

Бо дастгирии ҳизбиён
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСШК “Агропромтехснаб” – Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шоҳин Бойалиев бо дастовези арзанда ба боздиди ҳашарчиён, ки дар деҳаи Тагоби халқи ҷамоати деҳоти Ворӯ мактаби нав месозанд,рафт. Ин навбат ӯ барои мактаб 30 метр панҷара ва дарвозаи зебои панҷарагӣ тӯҳфа намуд.

Дар Рукнобод аз замин босамар истифода мекунанд
Сокинони деҳаи Рукнободи ҷамоати деҳоти Ворӯ Холбек Бурҳонов ва Салоҳиддин Носиров дар замини наздиҳавлигии худ ҳосили кишти дуюмро ҷамъоварӣ менамоянд.
Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад!
Афсӯс, ки ин хиёнаткорони бадзод, ҳамарӯза андешаҳои ифротии хешро бо ҳазор васила манзур менамоянд. Гуфторҳои бардурӯғу иғвоангези ин афроди нохалаф шаҳодати он аст, ки онҳо аз мақсаду мароми нопоки худ даст кашиданӣ нестанд, ва сулҳу суботи саросарӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, мардуми кишвар ба чунин рӯзи саид расидаанд, мехоҳанд халалдор намоянд. Даҳҳо далел мавҷуд аст, ки ин гуфторҳои бардурӯғи онҳоро маҳкум мекунад.
«Одамӣ баъд аз заволи умр мефаҳмад, ки умр…»
Инак тӯли чанд моҳ буд, ки бо сабабҳои объективӣ, баҳри нигоҳдошти солимии ҷомеа, мо барои расидан ба ҳадафҳои комили дарпешгузошта ба маҳдудиятҳо дучор омада будем. Дар миқёси ҷаҳонӣ хуруҷ кардани бемории вирусии COVID-19 бори дигар собит намуд, ки инсоният бе ҳамдилию бе муттаҳидӣ дар пеши вабои аср осебпазир аст ва ин моро бори дигар водор месозад, ки беш аз пеш баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти беҳдошти солимии ҷомеа бетараф набошему чораҳои заруриву мушаххасро андеша намуда, саъю талош варзем.

Дастгирии ниёзмандон ҳадафи асосии ҳизб
Дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои фаъолият ва ҳадафҳои асосии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Ҷиҳати амалии он ба муносибати Иди Саиди Қурбон кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар ҳамкорӣ бо вакилону соҳибкорон, аъзоёни фаъолу саховатманд аёдати шахсони маъюб, яккаву танҳо ва қишри ниёзманди ҷомеаро ба роҳ монд.

Аёдати Иди Қурбон
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди Қурбон аёдати оилаҳои ниёзмандро ба роҳ монд.
Қадамҳои устувор ҷониби ваҳдати комил
Пас аз пошхўрии давлати абарқудрати шўравӣ ҷумҳуриҳои аъзои ин иттиҳоди як вақтҳо бузург ва аз лиҳози сиёсӣ устувору гўё шикастнопазир нав ба мустақилият баромаданд. Ин ҳолат барои ҳамаи ҷумҳуриҳои тоза истиқлолиятёфта, бинобар аз байн рафтани идораи муназзаму мутамарказонидашуда дар ҳамаи самтҳо душворию мураккабиҳои зиёдеро пеш овард.

Мулокоти судманд
Санаи 29-уми июли 2020 сол дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ва муовини аввали Раиси ноҳия Расулзода Қафлон бо сокинони Ҷамоати шаҳраки Шайдон баргузор гардид.

Маҷлиси фаъолияти шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод.
Баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ аст»Маҷлиси фаъолияти шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар нимсолаи аввали соли 2020 ва натиҷагири аз фаъолияти шуъба, дар толори ТИ «Маорифчиён» бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, бонувони фаъоли ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
