Daily Archives: 11.07.2020

Осоиштагию оромии кишвар аз мо вобаста аст!

Дар муносибатҳои байналхалқӣ давлатҳо дӯсту душмани доимӣ надоранд, балки онҳо манфиатҳои доимӣ доранд. Вобаста ба ин манфиатҳо бо гузашти вақт, дӯстони наздикӣ давлатҳо ба душманони ашаддӣ ва душманони ашаддӣ бошанд ба дӯстони наздик табдил ёфтанашон мумкин аст.

Коррупсия — доғи башар

Амалҳои коррупсионӣ ҳамчун доғи ҷомеа аз қадим то ба имрӯз дар шакл ва намудҳои мухталиф мавҷуд аст. Давлату ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ чораҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (25 июли соли 2005) қабул гардид, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд

IMG_3682

Раёсат масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуд

Маҷлиси навбатии раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси Кумиҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Мурод Шукурзода баргузор шуд, рафти пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ баррасӣ шуда, рӯзномаи маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроия тасдиқ гардида, ҷадвали баргузории  маҷлисҳои ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои семоҳа дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзоёни нав ба ҳизб тасдиқ карда шуд.

IMG_3635

Ниқоб бандеду саломат монед

Ҳамин буд мӯҳтавои сӯҳбатҳои инфиродии  гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо сокинони маҳаллаи Рӯдакии шаҳр, ки бо мақсади ба мардум ёдрас намудани қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи гигиенаи шахсӣ сурат гирифт.

изображение_viber_2020-07-10_14-50-09

Машварати дастурдиҳӣ

Санаи 10 июли соли ҷорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз ва Қобилов Аббос  дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Патар машварати дастурдиҳӣ баргузор гардид, ки дар он шахсони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ҷамоат ширкат варзиданд.

IMG_20200709_085552

Корҳои тарғиботӣ идома дорад

Гурӯҳи тарғиботчиёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии навъи коронавирус вусъат бахшиданд.

20200710_092901

Корҳои тарғиботву ташвиқоти оит ба пешгирии бемории сироятии Коронавирус COVID – 19

Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт ҷиҳати пешгирӣ намудан аз бемории сироятии COVID – 19 ва хуруҷи дубораи он корҳои тарғиботиро дар мубориза бо ин вабои аср, дар байни аҳолии ноҳия роҳандозӣ намуда, пайваста бо сокинони ноҳия сӯҳбату вохӯриҳо ташкил намудаанд.